Истеҳсоли 2345 метр матои атласу адрас

 1 748 боздид

Дар ноҳияи Ашт барои рушди ҳунарҳои дастии бонувони ҳунарманд, аз қабили кашидадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, қуроқдӯзӣ ва алочабофӣ диққати махсус дода мешавад.

Мадина Тоҳирова-муттахассиси пешбари Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Ашт мегӯяд дар ноҳия 16 маркази истеҳсолӣ, аз он ҷумла 10 маркази атласу адрасбофӣ ва 6 маркази қолинбофӣ фаъолият дорад. Дар ин марказҳо пайваста ба ҷавондухтарон ҳунарҳои дастӣ омӯзонида мешавад.

Марказҳои атласу адрасбофии ноҳия ҳар моҳ зиёда аз 200 метр матои атласу адрас истеҳсол мекунанд. То ҳол марказҳои атласу адрасбофии ноҳия 2345 метр мато истеҳсол намудаанд, ки аз он 1670 метр ба фурӯш рафтааст.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.