Истиқлолият неъмати бебаҳо

 242 боздид

Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-и ҷамоати шаҳраки Шайдон конфронси ноҳиявӣ бахшида ба эълон гардидани “Соли 2017- соли ҷавонон” ва ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки мудири бахши кор бо занон ва оила Обода Каримӣ, и.в мудири бахши ҷавонон ва варзиш Зариф Боймуротов, сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷамоати шаҳраки Шайдон Баҳриддин Мамадиев ва омӯзгорону толибилмони муассисаҳои ноҳия баргузор гардид.

Обода Каримӣ мудири бахши кор бо занон ва оила дар мавзӯи «Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ” маърӯза намуда, афзӯд: “Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ арзишҳои волое мебошанд, ки давлати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва аз ин хотир вазифаи муқаддаси мо ин аст, ки пояҳои давлатдории милли худро боз ҳам таҳким бахшида, барои фардои дурахшони миллат заҳматкашӣ намоем”.

Яке аз аъзоёни маҳфили доимии назди бахши кор бо занон ва оила “Фардои дурахшон” Кибриё Исмоилова дар мавзуи “Нақши занон- дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ” сухан гуфт ва чунин иброз дошт: “ Имрӯз зани тоҷик баробари рисолати модариву ҳамсарӣ, рисолати роҳбариро низ ба уҳда дошта, дар ҳама самтҳои ҷомеа фаъолият дорад”.

Дар идома корманди сомонаи МИҲД-и ноҳия Сайидо Шодиқулов бахшида ба эълон гардидани “Соли 2017- соли ҷавонон” таҳти унвони «Ҷавонон – нерӯи ояндасоз» баромад намуда зикр дошт: “Ҷавонони ноҳия ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то ҳадафҳои бузурги созандагиву офарандагии худро боз ҳам чуқуртар дарк намуда, дар пойдории давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум саҳми шоиста гузоранд”.

Баҳриддин Мамадиев сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷамоати шаҳраки Шайдон оид ба тавсиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну марсимҳои миллӣ» баромад намуда, нозукиҳои ин қонунро ба самъи ҳозирин расонид.

Дар охири конфронс хонандагони МТМУ №17 дар васфи Истиқлолият ва Ватану ватандорӣ шеърҳо қироат намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *