“ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН”: АЗ НОМИ ИСЛОМ—АЛАЙҲИ ИСЛОМ

 567 боздид

БУДАНИ ФАСОДОВАРУ ХАТАРЗО

Ҷаҳони муосир бо он ҳама рушду такомул дучори амалҳои иғвогарона ва хатарзо аст, ки чунин амалҳо аз ҷониби равияву ҳаракат ва гурӯҳҳои тахрибкорона рӯйи кор меоянд ва бегумон таъсиру паёмади манфии худро ҷиҳати халал ворид намудан ба амнияти кишварҳо мегузоранд.

Имрӯз тавассути васоити ахбори омма амалҳои ифротии ҳаракати экстремистии “Ихвон-ул-муслимин” ё ба иборае “Бародарони мусалмон”, “Бародарони мусулмонон” зиёд бозгӯ мешавад. Лозим донистем, барои хонанда  аз таърихи пайдоиш, фаъолият ва ҳадафҳои ин ҳаракат тариқи мухтасар маълумот диҳем.

ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” наздики сад сол пештар, аниқтараш соли 1928 дар шаҳри Исмоилияи Ҷумҳурии Мисри Араб бо роҳбарии Ҳасан-ал-Банно тавлид шудааст. Сабаби таъсис ёфтанашро дар зулму истисмори мамолики хориҷӣ бар мардуми кишварҳои исломӣ, бахусус Миср меҳисобанд. Ҳарчанд ин ҳаракат борҳо аз ҷониби ҳукумати Миср таъқиб шудааст ва барои аз байн бурдани он аъзоёни хеле зиёдаш дастгиру нобуд карда шудаанд, аммо то ҳол бо амалҳои ифротӣ “зинда” аст ва аз худ, аз будани фасодовару хатарзояш дарак медиҳад.

ҲАДАФ—БОЗГАШТ БА ҶАҲОЛАТ

Фаъолияти ин ҳаракат дар аввал махфӣ буда, тариқи буклету номаҳо ва мулоқотҳои махфӣ ҷараён гирифта буд, ки фаъолияти солҳои аввали ТЭТ ҲНИ-ро ба хотир меорад. Аммо баъдан ба амалҳои сиёсӣ даст зад ва боиси муташанниҷ гаштани вазъи сиёсии Миср ҳам гардид. Маромаш яке буд ва метавон гуфт ҳаст: ба даст овардани қудрат, бозгашт ба асри санг ва ҷаҳолат!

Бо амалҳои муғризонаву ифротиаш аллакай солҳои 30-юми асри пеш тавонист 500 ҳазор мардуми Мисрро ба доми найрангаш кашад ва шуъбаҳои худро таъсис диҳад. Ҳатто рӯзномае бо унвони “Ихвон-ул-муслимин” ташкил намуд, ки барои амалӣ намудани нақшаҳояш мусоидат мекард. Баъдан чун аъзоёнаш афзоиш ёфту доманаи фаъолияташ фарох гардид, қароргоҳаш ба шаҳри Қоҳира кӯчид.

Ҳамин тариқ, бо баҳонаи “дастгириву ҳимояи” бародарони мусалмонаш  ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” ва сарвараш Ҳасан-ал-Банно “қадамҳои муборакашро” ба мамолики дигар чун Фаластин, Сурия, Лубнон, Судон, Урдун, Африқо, Тунис, Мағрибу Марокаш, Покистону Туркия ва чанди дигар гузошт.

Агар хонандаи азиз мушоҳида карда бошад, он ҳама мамолике, ки дар боло зикрашон рафт, имрӯз вазъи муташанниҷ доранд, ки аз фасоду ифроту дасисаҳои ҲЭ “Ихвон-ул-муслимин” дарак медиҳад. Боиси зикр аст, нуктаву вазифаҳои низомномаи ТЭТ ҲНИ ва ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” ҳаммаънову ҳаммароманд, ки ин бори дигар  “бародари” ҳам будану мақсади якгуна доштани ин ҳардуро бозгӯ месозад.

Шиори расонаӣ кардаи ин ташкилот: “Худованд ҳадафи мо, Паёмбар намунаи мо, Қуръон қонуни асосии мо, ҷиҳод роҳи мо ва марг дар роҳи Худо волотарин орзуи мост” мебошад, ки худ баҳсбарангез аст. Вақте тавассути иғвову дурӯғу дасисабозӣ мардуми оддиро ба доми худ мекашанд, алайҳи миллату кишварҳои мухталиф бо ҳадафи ба даст овардани қудрат мубориза мебаранд, боиси ҷангу хунрезиву нооромӣ дар минтақаҳои қадамҳои номуборакашонро гузошта мешаванд, барои амалӣ намудани мақсадҳошон ошӯб барпо мекунанд, пас чӣ гуна метавонанд даъво кунанд, ки “Қуръон қонуни асосии мо”? Магар аз номи ислом алайҳи ислом нест ин гуфтору рафтору кирдор?

ДУ ҶОНИБИ ЯК ТАНГА

Таҳлилгарон мегӯянд, ки ташкилоти террористи экстремистии “Ал-Қоида”, ки имрӯз чун ҳаракати даҳшатафкан дар хотири ҳамагон ҷо гирифтааст, маҳсули  ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” аст, яъне, таъсисгарони ТТЭ “Ал-Қоида” аъзоёни ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” мебошанд. Имрӯз тавассути ВАО умумият ва ҳадафҳои якгунаи ТЭТ ҲНИ, ДИИШ, ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” пайваста расонаӣ мешавад ва ин ҳама ду тарафи як тангаро ба хотир меорад. “Бародароне”, ки мароми якгунаву унвонҳои мухталиф доранд ва ҳама каждуми таги бурёро мемонанд.

Баъди аз сари ҳокимият рафтани Ҳуснӣ Муборак, мутаассифона нуфузи ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” то андозае боло рафт, аммо дар замони сарварии охирин президенти Миср  “Ихвон-ул-муслимин” гурӯҳи эсктремистӣ-террористӣ эълон гардид ва ҷонибдорони зиёдаш аз байн бурда шуданд. Доманаи фаъолияти он дар минтақаҳои Шарқи Наздику Миёна ва Осиёи  Марказӣ ҳам паҳн шудаву дар Тоҷикистон низ ақоиди ифротии онҳоро пазируфтаанд.

Чӣ тавре ки ходими илмии пешбари Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Тоҷикистон С.Зиёев менависад, аз паёмаду хатарҳои даҳшатангез ва ақоиди ифротии ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” бояд ҳар нафар огоҳ бошад, чун оқибати пайвастан ба он нобудӣ ва маҳкумият ба зиндон аст.

АНДЕША БОЯД КАРД

Ихвониҳои ифротӣ ғайр аз китоби муқаддаси “Қуръон” ва суннати Пайғамбари ислом дигар арзишҳоро намепазиранд ва дар пайи нобуд кардани арзишҳои беназиру ҷовидонаи миллатҳо ҳастанд. Зиндагӣ карданро фақат дар доираи маҳдуди шариат қабул доранд ва мехоҳанд бар болои бани башар давлати хилофат ҳукмфармо бошад, ҳукумати дунявиро умуман қабул надоранд. Ҳар нафаре, ки ба ин ташкилот мепайвандад, бояд омода бошад, барои ҳимоят аз ихвониҳо ҷиҳод кунад ва даст ба куштор занад. Аслан барои онҳо миллат маъно надорад, онҳо алайҳи ҳама миллатҳо мубориза мебаранд ва аз байн бурдани миллатҳо яке аз ҳадафҳои асосии онҳост. Анъана, расму ойин, арзишҳои фарҳангӣ, дастовардҳои миллӣ, ёдгориҳои таърихӣ барои онҳо маъное надорад!

Пас, андеша бояд кард!  Нагузошт, фарзандону пайвандони мо ба тори ин анкабут афтанд. Насли динмеҳвар, аз ҳад зиёд диндӯстдор барои ин ташкилот тӯъмаи осон аст. Аз ин лиҳоз, мебояд дар самти тарбияи фарзандон бетаваҷҷуҳӣ зоҳир накунем, кӯшиш намоем, вақти холигии онҳо таҳти назорат бошад. Куҷо меравад, дӯсту ҳамнишинаш кист, ба чӣ шуғл дорад, кадом касбро интихоб кардааст ва чаро, аз кадом шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебарад… ба ин суолҳо ҷавобҳои дақиқу аниқ дода тавонем. Дуруст аст, ки насли наврас дунёи худро дорад ва мо на ҳама вақт метавонем ва ҳуқуқ дорем, ба ҷаҳони ботиниаш ворид гардем, аммо то қадри имкон воқиф будан аз ин равандҳои чӣ фарзандон ва чӣ наздикон имконпазир аст. Баъзеҳо дигаргун шудани рафтору кирдори фарзандону наздиконро низ нодида мегиранд, ки ин ҳам иштибоҳ ва бетарафист.

Ёдовар мешавем, ки фаъолияти “Ихвон-ул-муслимин” дар Тоҷикистон аз соли 2006 расман манъ шудааст. Ва аз ҳама таассуфовараш он аст, то ин замон намояндагони насли калонсол, дорои маълумоти олӣ, билохир онҳое, ки дар гӯшаву хаёли атрофиён намеомад, ки ба ин ташкилот пайвастаанд, бо иттиҳоми узвият дастгир шудаанд.  Ин ҳама нигаронкунанда ва ҳамзамон ҳушдордиҳанда аст.

Т.МИСРОБӢ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.