ИЗҲОРОТИ аҳли эҷодии рӯзномаи ноҳиявии «Шуҳрати Ашт» ҷиҳати задухӯрди хиёнаткоронаи навбатии ҳарбиёни қирғиз дар марз

 429 боздид

Боиси таассуф аст, ки шоми санаи 16 сентябри соли равон дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, минтақаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Fафуров задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст. Ин рӯйдоди нангин дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки ҳамагӣ як моҳ пеш сарварони ҳарду ҷониб бо ҳам мулоқот намуданд бо умед ба он, ки дӯстии чандинасраи ду халқи ҳамxавор боз ҳам қавӣ гардад.
Иғвову дасисаи навбатии гурӯҳи манфиатҷӯйи Қирғизистон боиси марги се нафар афсарони тоҷик ва захмӣ гаштани чанд тани онҳо гашт. Ин амали хиёнаткорона бори дигар собит намуд, ки дар ҳамсоякишвар нерӯҳое ҳастанд, ки сулҳу осоиш ва оромиву ҳамсоягии ду миллатро намехоҳанд ва ё боз нақшаву ниятҳои ифротгароёна доранд. Гурӯҳ ва ё ҳизбе, ки барои нотинҷ намудану рахна задан ба муносибатҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя аз ягон амале худдорӣ намекунанд.
Аз ҳама нигаронкунандааш он аст, ки васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Қирғизистон ин иғвову задухӯрдҳоро, ки ҳамеша аз ҷониби онҳо оғоз меёбанду сабабгори асосиаш худашон ҳастанд, бо додани баҳои яктарафа расонаӣ месозанд. Ҷурму гуноҳи худро ба дӯши мо бор мекунанд. Дар ҳоле ки таърих собит кардааст, халқи тоҷик бо мақсади ҷангу нооромӣ сарҳади на ҳамсоякишвар ва на дигар минтақаро ягон маротиба накӯфтааст. Тоҷикон халқи дурандешу бофарҳангу сулҳпарваранд.
Аммо бояд гуфт, бо ин ҳама адолатҷӯйиву хирад ва таҳаммул косаи сабри сокинони Тоҷикистон низ лабрез хоҳад шуд. Охир он се нафаре, ки дар задухӯрди дирӯза кушта шуданд ва чандин дигаре, ки дар бесарусомонии пештара захмиву кушта шуда буданд, ҳамзамину ҳамдиёру бародарони мо, тоҷикон ҳастанд. Фарзанди ҳамин обу хоки диёр!
Он нохалафону бехирадон бояд донанд, ки барои ин ҳама номардиву хунрезӣ, қурбон гардидани ҷавонмардони меҳани азиз албатта ҷавоб хоҳанд гуфт!

МДРН «Шуҳрати Ашт»

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.