Изҳороти ҷавонони Ҷамоати деҳоти Понғоз

 474 боздид

Мо гурӯҳи ҷавонони Ҷамоати деҳоти Понғоз аз сиёсати пешгирифтаи Президентамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор буда, барои рушду нумӯи Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ дода истодаем ва барои  ояндаи кишвар, хуррамии рӯзгори мардум ва ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолият дар паҳлӯи Пешвои муаззами худ меистем.

Чуноне дар Паёми худ гаштаю баргашта иброз намуданд, ояндаи Ватан дар дасти мо ҷавонон аст. Албатта, мо ба ин боварии Пешвои миллатамон сазовор бояд бошем.

Тоҷикистон Ватани мост, на ҷойи талоши қувваҳои ифротӣ ва хоҷагони онҳо. Мо дар Ватанамон тинҷу ором зиндагӣ карда истодаем. Ин неъмати бебаҳо, яъне тинҷию осудагиро ба мо Пешвои муаззам оварданд.

Мо ҷавонон, ба Шумо раҳгумзадагони зиндагӣ гуфтанием, ки дар ҳар гуна сайтҳо баромад карда, Тоҷикистонро сиёҳ накунед! «Охир офтобро бо доман пӯшида намешавад». Ба ҷойи беҳуда ҷонканиҳоятон ба Ватан баргардед! Ҳамин сарзамин Шумоёнро ба воя расонид, обу хоки ҳамин Ватан дар хуну рагҳои шумоён ҷорист. Ба Ватан хиёнат накунед, ёди падару модар, хешу таборро кунед!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.