Изҳороти кормандони соҳаи фарҳанги ноҳияи Ашт

 679 боздид

оид ба ҳамдилии ҳамоиши ҷавонони ватанхоҳ дар шаҳри Душанбе

Ғояҳои асосии дини мубини ислом, дар баробари динҳо ва эътиқодҳои динии дигар, дар заминаи инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии бародаронаи халқу миллатҳо, ҳимоя намудани сулҳ ва амният ташаккул ёфтааст.

Боиси таассуф мебошад, ки аз он рӯзе Ҳизби Назҳати Исломи Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард, фақат ба дасисаю шӯрангезӣ машғул мебошад. Мардум аз найрангҳои гумроҳӣ гузашт. Тавре пирони хирадсолори мо гуфтаанд: «Кур асояшро якбор гум мекунад». Талхии ҷудоӣ, азияти фавти бегуноҳон, маъюбу маслуқшавии ҷавонони нав ба камолрасидаро бо дилу дидаи бедор ҳамдиёрони мо, миллати тоҷик дид.

Ҳар боре сухан аз фасодиҳои ҷанги таҳмилӣ меравад, одамон ба дард оҳи вазнин мекашанд. Тоқати дидан ва шунидани ҷангро, ки фарҷомаш ғам, ғорат ва ғаддорият мебошад, ҳаргиз надоранд. Намоиши эътирозии гурӯҳи ҷавонон дар назди сафорати Эрон дар Душанбе собитгари ҳамин гуфтаҳои болост.

Замин мехоҳад оромӣ,

Замин гаҳвораи инсон.

Варо ором бигзоред,

Барои ҳурмати некон!

ҲНИТ-и мамнӯъгардида ва он аъзоёне, ки хешро донотарин сиёсатмадорон мешуморанд, оё боре теша ба решаи андеша зада, мулоҳиза мекарда бошанд, ки мо ин сафсатафурӯширо ба самти кӣ идома дода истодаем?

Магар онҳо ҳамхуни миллат нестанд? «Боре набувад гаронтар оз ор»-гуфтаанд. Ор, нанг ва номуси тоҷикона доред, эй ҳизбиёни наҳзатӣ?

То кай боиси малӯлии пайвандани хеш гардида, дар ҳаққи Сарвари давлат, чеҳраҳои намоёни давлату Ҳукумат луқмапартоӣ менамоед?

Ё Шумо ақрабед ва ин палидгарию бегонапарастӣ хосатон аст?

 

Лаънати халқ бод бар он кас,

Ки зи дунҳиммативу беорӣ.

Хурда шири сафеди модарро,

Даст ёзад ба ҳар сияҳкорӣ!

Бод нафрин ба одамизоде,

Ки касе номи ӯро намегирад.

Хурда нони ҳалоли давронро,

Дар куҷое ҳаром мемирад.

Фарҳанги сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  моро ҳидоят месозад, ки аз як гиребон сар бароварда, ҳомии воқеии имрӯзу фардои кишвари маҳбуб бошем. Зоеъ вақти хешро баҳри шӯр андохтани мардуми меҳанпараст масозед, гумроҳзадагони хиёнатпеша, ки «зӯри беҳуда миён мешиканад» — гуфтаанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.