нисбати баргузор гардидани митинги эътирози дар назди Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе
Дар расонаҳои иттилооти санаи 21 май баргузории митинги эътирозӣ дар назди Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ба тамошо гузошта шуда буд, ки дар он эътирозгарон ба шиорҳои «Нест бод Кабирӣ», «Даст кашед аз дахолат намудан ба сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Такрори солҳои 1992-2000-умро намехоҳем» ва дигар шиору овезаҳо баромад мекарданд ва онҳоро нерӯҳои амнияти пароканда намуданд.
Дар ҳақиқат солҳои охир факту далелҳое дида мешаванд, ки дар солҳои ноамнии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз душманони миллати тоҷик дар Ҷумҳурии исломии Эрон машқҳои тактики ва ҳарбӣ гирифта, мақсадҳои нопоки худ ба мисли щорату куштор, щасби моликияти давлатиро амалӣ месохтанд. Инчунин пуштибонии амиқи сиёсӣ ва моддиро ҳизби мамнӯъ – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҳз аз Ҷумҳурии исломии Эрон гирифтааст.
Аз ин лиҳоз гузаронидани чунин митингу гирдиҳамоиҳо дар ҳудуди мамлакат новобаста аз намуди эътироз ва талабҳо бояд, ки бо иҷозати мақомотҳои дахлдори давлати сурат гирад. Аз сабаби он, ки митинг бо мақомотҳои давлати мувофиқ карда нашуда буд, он саривақт пароканда карда шуд.