ИЗҲОРОТИ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷиҳати задухӯрди хиёнаткоронаи ДИИШ дар дидбонгоҳи сарҳадии “Султонобод”-и ноҳияи Рӯдакӣ

 47 боздид

Боиси таассуф аст, ки санаи 6 ноябри соли равон дар дидбонгоҳи сарҳадии “Султонободи”-и ноҳияи Рӯдакӣ аз тарафи аъзоёни ДИИШ ҳамла ба вуқӯъ пайваст.

Иғвову дасисаи навбатии гурӯҳи манфиатҷӯйи ДИИШ боиси марги ду нафар гардид охир он ду нафаре, ки кушта шуданд, ҳамзамину ҳамдиёру бародарони мо, тоҷикон ҳастанд. Фарзанди ҳамин обу хоки диёр буданд, ки ба пайвандони онҳо изҳори ҳамдардӣ намуда, ин амали хиёнаткоронаи гурӯҳи иғвогарро маҳкум менамоем.

Ҳар яки мо барои ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азизамон омода ҳастем ва дар ҳама ҳолат ҷони хешро баҳри сулҳу суботи ватану миллат дареғ намедорем.

Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир сокинони кишварро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доимо омода бошанд. Иродаи сиёсии хушро бо оромиву тинҷӣ ва дастрасии ҳамаи имкониятҳо дар ҳама самтҳои фаълият дар ҷумҳурӣ дарк намоянд.

Он нохалафону бехирадон бояд донанд, ки барои ин ҳама номардиву хунрезӣ, қурбон гардидани ҷавонмардони меҳани азиз албатта ҷавоб хоҳанд гуфт!

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.