Изҳороти сокинони ноҳияи Ашти вилояти Суғд

 717 боздид

“Оид ба маҳкум намудани  кирдорҳои хоинонаи Кабирӣ”.

Баргузории гирдиҳамоии сокинони Душанбе рӯзи 21 уми май дар назди сафоратхонаи Эрон, ки соатҳои 11-12 баргузор гардиданд, дар барномаҳои видеои хабарнигорони “Суғд Нюс”, сомонаи “Ахбор” навори 18-дақиқагии “тазоҳурот” нашр гардидааст дида мешавад, ки даҳҳо нафар ҷавонон дар назди сафоратхона ҷамъ омадаанд ва бо шиорҳои “Нест бод Кабирӣ”, “Нест бод Ҳизби назҳат”, “Соли 1992-2000-умро намехоҳем!”, “Дар Тоҷикистон барои ҷангҳои мазҳабӣ ҷой нест!” баромад намудаанд. Дар наворҳои пешниҳодшуда сухан аз он меравад, ки оид ба супоридани роҳбарони мухолифин ба Тоҷикистон, дар назди сафоратҳои САҲА, Иттиҳодияи Аврупо ва чанд сол қабл дар назди сафорати Амрико баргузор карда шуда буданд. Албатта ин зуҳуротҳо дурустанд, чунки мардуми азияткашидаи тоҷик ин душвориҳои сангин, ки аз тарафи хоинони миллат бор оварда буд бардошт намуд ва паси сар кард.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми имсола ҳам доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуданд. Зикр шуд, ки давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст. Ин ҳолатро аз рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дигар минтақаҳои дунё мушоҳида кардан мумкин аст.

Сокинони кишвар аз ҷумла  сокинони ноҳия шоҳид ва дар хотир доранд, ки аз давраи сафарҳои кории сарварони ҳизби наҳзат, саркардагони он мисли Абдуллои Нуриву Тураҷонзода, Ҳиматзодаву Кабирӣ ки дар ноҳия бо онҳо вохуривӯ суҳбатҳо баргузор гардидаанд дар онҳо ширкат варзидаанд ва бо боварии комил гуфта метавонанд, ки онҳо ягон маротиба тарафдори сиёсати имрӯза аз ҷумла сиёсати Сарвари давлат набуданд. Вақте тарафдорону думравони онҳо дар ноҳия бо карнайю доира аз даромадгоҳи ноҳия ба автомашинаҳои шишасиёҳ ва пурарзиш “ҶИП”-ҳо онҳоро  пешвоз мегирифтанд, сокинон  гумон мекарданд, ки гуё ба ноҳия бӯӣ ғализи нооромӣ, ҷангҷӯӣ ворид  гардида истодааст. Дар ягон вохӯриҳо, суҳбатҳо  барои беҳдошти зиндагии мардум ягон сӯхане ё барномае пешниҳод намегардид, аммо тарафдорони онҳо, ки имрӯзҳо дар хориҷи кишвар ҳастанд, (баъзеашон ҳоло ҳам дар ҳамон маҳалли истиқоматиашон зиндагӣ доранд) бо дасткӯбию хурсандии девонасурат шодкомию  хурсандӣ мекарданд. Ин шаҳодати онро дошт, ки сокинони ноҳия , умуман дар тамоми манотиқи кишвар фаҳмиш ва майли хусусан ҷавонон ба талаботҳои динӣ дигар буд, пастии сатҳи дониши динӣ ва дунявии сокинон ба назар мерасид. Мутаасифона имрӯзҳо дараҷаи дониши мардуми ҷумҳурӣ, ҷавонон хеле баланд шудааст, зиракии сиёсӣ, сатҳи шуурнокӣ, ватандорию ватандӯстӣ, саводнокӣ баланд гардидааст. Бинобарон имрӯз ҳеҷ нафаре намехоҳад, ки касе ба зиндагии осоиштаи мардум халал расонад, тинҷию осоиштагии моро ноором созад.

Ба арзишҳо ва меъёрҳои амалкунандаи ҷомеаи дунявию демократӣ, қонунҳои мавҷуда, тартиботи ҷамъиятӣ, ниҳодҳои қудратӣ, шахсиятҳо ва мақомоти расмӣ ва умуман нисбат ба низоми давлатӣ ашхосони ба ҲНИТ аъзо ва рӯ оварда  эҳсоси бадбинӣ ва нафрат дошта, дар муқобили онҳо қарор мегирад. Ба фарҳанг,  санъат,  ҳунар,  адабиёт,  мусиқӣ,  ахлоқ ва ба расму оинҳои мардум бадбинӣ ва нафрат пайдо карда,  рўҳияи зиддифарҳангӣ ва  зиддитамаддунӣ дорад. Ба хотири он ки падару модар, хоҳару бародар, хешу пайвандон, дўстону ҳамкорон, устодон мисли ў ақида надоранд,  онҳоро маҳкум карда ва ошкоро таҳдид мекунад. Барои ба дигарон таҳмил намудани фаҳмиши худ аз истифодаи зўроварӣ ва хушунату бераҳмӣ худдорӣ намекунад.

Воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябри соли 2015, яъне сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сурат гирифтанд, бори дигар нишон доданд, ки баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ гардонида, ба сари мардуми мо низоми бегонаро таҳмил намоянд.  Масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст.

Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Ин гурӯҳҳо бо истифода аз ҳамин омил ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Дар радифи сабабҳои дохилӣ, инчунин, омилҳои берунӣ низ бетаъсир нестанд, ки инҳо намоиши филмҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет мебошанд. Таҳлили сабабу шароити ба ин ҳолатҳо мусоидаткунанда нишон дод, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт, ки онро пайравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.

То ҳатто аксар ҷавонони мо  ба таҳсили ғайрирасмӣ дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар хоҳиши зиёд доштанд. Чунки яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба иттиҳодияи ҷиноятӣ дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароитҳои зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ мебошад.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд, ки барои онҳо ба хотири манфиатҳои сиёсиашон қурбон намудани ҷони инсонҳо кори саҳл мебошад. Чунин гурӯҳҳо дар самти ҷалби ҷавонон аз усулҳои таъсиррасони мафкуравӣ истифода намуда, дар асоси ғояҳои динӣ — мазҳабӣ онҳоро ба майдони қатлу куштор мекашанд. Ин фитнаест, ки аз ҷониби душманони қавми мусалмон андохта шуда, мақсадаш нобуд сохтани мусалмонон бо дасти худи онҳо мебошад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид карданд, ки: «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд». Танҳо ҷавонони  солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва  вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлолияти давлатии кишварамон амал намоянд».

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо дарки аҳамияти вазифагузориҳои Сарвари давлат иҷрои нишондодҳоро сармашқи кори худ қарор диҳем, зеро ба бовар метавон гуфт, ки татбиқи босамари ин барномаҳои ояндасоз дар иртибот ба рушди кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум саҳифаҳои тозаеро боз хоҳад кард.

Баргузории намоишҳои эътирозӣ дар назди сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе мантиқан дуруст аст, вале бе розигии мақомотҳои дахлдори амниятӣ ва қудратӣ ташкили чунин эътирозҳо нодуруст аст. Шоҳиди он ҳастем, давлати Эрон давлати ҳамзабони мост, дар алоқаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ шарики давлати мо ба ҳисоб меравад, дар бунёди иншоотҳои иҷтимоиву иқтисодӣ шартномаҳои шарикӣ дорем.  Хуб мешуд, ки ҳалли масаъалаҳои сиёсии кишвар на бо роҳи намоиши эътирозӣ, балки ба таври гуфтушуниди мутақобила байни ду кишвар ҳалли худро ёбад.

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.