Имрӯз, 12 июли соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти раёсати Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҷӯразода Кабирҷон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим, маҷлиси фаъолони ноҳия баргузор шуд.
Маҳмудзода Ҷамшед муовини Раиси ноҳия оид ба масъалазои иқтисодӣ, доир ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар шаш моҳи аввали соли 2019 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда, маърӯза кард.
Ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия соҳаи кишоварзӣ, саноат, андоз, роҳ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра дар баромади муовини Раиси ноҳия тариқи пурра бозгӯ шудаву камбудиҳои ҷойдошта баррасӣ гардиданд.
Тавре дар маърузаи худ Ҷамшед Маҳмудзода муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, иттилоъ дод, нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ мувофиқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2019 ба маблағи 20 миллиону 763 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шуда, дар асл 20 миллиону 947 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуд, ки баробари 100,9 фоизи нақша буда, нисбати он 184,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисобӣ иҷрои сифатноки нақшаи даромадҳо ба буҷет беҳтар гардида, аз 10 манбаҳои даромад нақшаи муқарраргардидаи 7 намуди андозу пардохтҳои ҳатмӣ пурраву барзиёд иҷро карда шуданд.
-Нақшаи нимсолаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 100,3% иҷро карда шуда, ба ҷойи 37 миллиону 576 ҳазор сомонии пешбинишуда, дар асл 37 миллиону 682 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуд. Аз ҷумла, дар давраи ҳисобӣ аз тарафи буҷаи вилоятӣ ба маблағи 20 миллиону 390 ҳазор сомонӣ мусоидати молиявӣ ва 601 ҳазор сомонӣ маблағи ҳисоббаробаркунӣ ворид гардидааст, ки мутаносибан баробари маблағҳои пешбинишуда мебошад. Нақшаи шашмоҳаи даромадҳои худии буҷети маҳаллӣ 16 миллиону 523 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, дар асл 16 миллиону 633 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки баробари 100,7 фоизи нақша буда, нисбати он 109,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар ин давра ба маблағи 37 миллиону 751 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шуда, дар асл ба маблағи 37 миллиону 570 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст, ки баробари 99,5 фоизи нақша мебошад.
— Дар давраи ҳисобӣ мувофиқи ноҳия дар соҳаи саноат ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018 19 млн. 439 ҳазор сомонӣ зиёд буда, афзоиши истеҳсолот ба 126,3% таъмин гардид.
Аз 11 корхонаҳою коргоҳҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият, 10 ададашон фаъолият намуданд ва аз онҳо 7 корхонаву коргоҳҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.
Суръати афзоиши истеҳсолот дар ҶСК «Намаки Ашт» — 121,2%, ҶДММ «Рахшона » — 173,5%, ҶДММ « Пайванд ва Дӯстон » — 160,8 %, ҶСП “Марҳамат”-104,7%, КИ «Зарнигор» — 102,9 %, ҶДММ “Аштфрут” – 128,5% ва ҶДММ “Иброгим”-115,0% таъмин карда шудааст. Дар корхонаву коргоҳҳои боқимонда пешравии истеҳсолӣ таъмин нагардида, дар ҶСК «Матбаи Ашт» — 83,7%, ҶДММ «Шириниҳои Дӯстӣ» — 90,0% ва ҶДММ «Озодалӣ» — 62,4 фоизро ташкил намуд.
-Дар шаш моҳи ҳисобӣ дар соҳаи саноат 4206,2 тонна намаки ошӣ, 1596,3 тонна нахи пахта, 2198,0 тонна чигит, 213,6 тонна равғани растанӣ, 76,8 тонна пахтаи курпабоб, 412,9 тонна нону маҳсулоти нонӣ, 969,2 ҳазор дона хишти сохтмонӣ, 2295,2 метри мураббаъ дару тиреза, 17,5 ҳазор дона либоси мактабӣ ва 6,06 ҳазор метри мураббаъ матои адрас истеҳсол карда шудааст. Дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018 истеҳсоли намаки ошӣ – 753,3 тонна, нахи пахта – 849,2 тонна, чигити пахта – 1111,8 тонна, хишти сохтмонӣ – 279,7 ҳазор дона, пахтаи курпабоб – 40,2 тонна, матои адрас – 4,46 ҳазор метри мураббаъ ва либоси мактабӣ – 6,9 ҳазор дона зиёд шудааст.
Аз тарафи ҶСК «Намаки Ашт» ба кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба миқдори 414,0 тонна намак ба маблағи 10,9 ҳазор доллари амрикоӣ содирот намудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018 219,0 тонна зиёд мебошад.
— Дар Ҷамоати деҳоти Ориён аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ коргоҳи дӯзандагӣ бунёд карда шуд, ки дар он 14 адад таҷҳизоти дӯзандагӣ насб карда шудааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи нав дӯхти 8000 адад либосҳо дар як сол буда, 15 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Дар ҶДММ “Рахшона” соли равон коркарди аввалияи шир ба роҳ монда шуд. Дар давраи ҳисобӣ дар корхона ба миқдори 8,3 тонна шири хоҷагии ёрирасони худӣ коркард карда шуда, ба миқдори 0,29 тонна равғани маска истеҳсол карда шудааст. Дар корхона минбаъд коркарди шир мунтазам ба роҳ монда шуда, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ васеъ ба роҳ монда мешавад.
-Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби заминҳои холимонда, дар ҷамоатҳои ноҳия 190 гектар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд. Инчунин, дар ин давра дар ноҳия 86 гектар заминҳои нав азхуд карда шуданд.
Ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, дар давоми семоҳаи аввали соли равон дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакуҳҳо дар майдони 306 гектар боғоти меваҳои донакдор бунёд карда шудааст, ки аз он 0,5 гектар боғҳои интенсивӣ мебошад. Нисбати соли 2018 136 гектар зиёд боғоти ҷавон бунёд карда шудааст.
-Дар давраи ҳисобӣ аз ҳудуди ноҳия ба хориҷи кишвар ба миқдори 1996,6 тонна меваҳои гуногун содирот карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018 789,4 тонна зиёд мебошад.
Мувофиқи ноҳия ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 138 млн. 581 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 9 млн. 73 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он ба 107,0% баробар мебошад.
-Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқ намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба ин ҷашни бузурги давлативу миллӣ, дар ҳудуди ноҳия бунёд ва мавриди истифода қарор додани 301 иншоотҳои мухталифи соҳаҳои хоҷагии халқ пешбинӣ карда шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2019 дар асоси нақшаи тасдиқшуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ, бунёди 127 адад иншоотҳои мухталифи хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст.
Дар давоми нимсолаи аввали соли равон бо истифодаи ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар 69 иншоотҳо корҳои сохмонию таъмир ва азнавсозӣ, таъмири роҳҳо, сохтмони майдончаи варзишӣ, таъмири толорҳои варзишӣ, бунёди боғҳо, кофтану таъмири чоҳҳои амудӣ, кашидани хатти оби нӯшокӣ, чароғонкунии маҳалҳои зист ва дигар корҳои ободониву созандагӣ ба маблағи умумии 5 млн. 82 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуданд.
— Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар ноҳия дар маҷмӯъ дар масофаи 60,4 километр роҳҳо корҳои таъмири ҷорӣ гузаронида шудааст, аз ҷумла дар масофаи 43,3 километр роҳҳо бо асфалт таъмири ҷорӣ ва 17,1 километр роҳҳо шағалпӯш карда шуданд.
Дар давраи соли ҳисобӣ аз тарафи Муассисаи давлатии “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ашт” ба маблағи 278,7 ҳазор сомонӣ корҳои нигоҳдории роҳҳо иҷро карда шудааст. Аз ҷумла, дар роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ дошта 32 километр ва дар роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта 11,3 километр таъмири ҷорӣ бо асфалти хунук ба маблағи 137,2 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд.
Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз тарафи сокинону соҳибкорон дар масофаи 14,8 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи 79,8 ҳазор сомонӣ шағалпӯш карда шудааст.
— Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 179 адад ҷинояткориҳо ба қайд гирифта шуданд, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018 52 адад, ё ин ки 40,9% зиёд мебошад. Фоизи ошкоршавии ҷиноятҳои содиршуда 91,8 фоизро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 0,13 фоиз зиёд мебошад.
Нисбати нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2018 содиршавии ҷиноятҳо дар ҷамоатҳои Шайдон – 18 адад, Понғоз – 5 адад, Меҳробод – 4 адад, Ошоба – 10 адад, Ашт – 3 адад, Ориён – 3 адад, Ифтихор – 9 адад ва Пунук – 3 адад зиёд гардидааст.
Дар ҳудуди ноҳия 10 адад ҳодисаи номатлуби худкушӣ ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 адад кам аст. Аз ҷумла, 5 нафар занон ва 5 нафар ҷавонон даст ба худкушӣ задаанд.
Дар ин давра, 5 адад ҷинояткориҳо аз тарафи ҷавонон ва 6 адад ҷинояткориҳо аз тарафи ноболиғон содир карда шудааст. Аз тарафи 23 нафар занон 27 адад ҷиноят содир карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018 7 нафар зиёд мебошад.
Инчунин дар ин давра 24 адад дуздӣ, 8 адад авбошӣ, 33 адад қаллобӣ ва 19 адад ҷиноятҳои иқтисодӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018 зиёд гардидаанд.
— Дар муассисаҳои тиббии ноҳия 212 нафар табибон ва 991 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият намуда, норасогии 20 нафар мутахассисони соҳаи тиб аз рӯйи ихтисоси табибони оилавӣ-12 нафар, наҷот-2 нафар, равоншинос — 1 нафар, табиби нашъамандӣ- 1 нафар, ренгенолог — 1 нафар, табиб-саратоншинос-1 нафар, табиб-силшинос-1 нафар, табиб-асабшиноси кӯдакон -1 нафар ҷой дорад.
Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар марказҳои саломатӣ ба 232592 нафар ниёзмандон кӯмаки тиббӣ расонида шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ оид ба пешгирӣ аз бемории ВНМО/ВНМБ дар давраи ҳисобӣ 6 маротиба баромадҳо, 11 маротиба суҳбатҳо, семинарҳои омӯзишӣ-дастурдиҳӣ гузаронида шуда, дар ин муддат 17 нафар сироятёфтагони ВНМО/ВНМБ ба қайд гирифта шуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 10 адад зиёд мебошад. Ҳамагӣ ин қабил беморон дар ноҳия 91 нафарро (соли 2018 75 нафар) ташкил медиҳад. Дар ноҳия беморони гирифтори бемории сил ҳамагӣ 206 нафар буда, дар шашмоҳаи соли 2019 15 нафар беморони нав ба қайд гирифта шуданд.
Инчунин, дар нимсолаи аввали соли 2019 гирифторони бемории зардпарвини А 25 нафар (соли 2018 35 нафар), зардпарвини В 69 нафар (соли 2018 53 нафар) ва зардпарвини С 29 нафар (соли 2018 30 нафар) ба қайд гирифта шудааст.
Зимни ҷаласа Раиси ноҳия Зариф Мирдадо аз раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пурсиш ба амал овард.
Баъдан мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҷӯразода Кабирҷон ва сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим, баромад намуда, ба аҳли фаъолони ноҳия барои ноил гардидан ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ, гузоштани саҳми арзанда дар амалигардонии рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия изҳори сипос намуд.
Дар охир Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт ба як қатор роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия, дастуру супоришҳо дода, барои рафъи камбудиҳо дар соҳаи кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг вазифаҳои мушаххас дод.