Ҷаласаи кории Раиси ноҳияи Ашт

 416 боздид

 

Имрӯз, 1-уми апрели соли равон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷаласаи назди Раиси ноҳия бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисон, ҷонишинон,  мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, сардорони асосиатсияҳои истифодабарандагони об, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, сардухтурони беморхонаҳои минтақавӣ, директорони мактабҳо ва соҳибкорон оид ба вобаста намудани намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба иншоотҳои ҷашнӣ вобаста ба 27-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

   Инчунин дар ҷаласа дастуру супоришҳо оид ба омода намудани иншоот ба ҷашн, тоза намудани қади роҳҳои протоколӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, гулшинонӣ, ба шакл даровардани дарахтони қади роҳҳои протоколӣ, иваз намудани шиору овезаҳои фарсуда, ташкили ҳашарҳои умумӣ, иваз намудани парчамҳои фарсудашуда, таъмиру рангубори деворҳои шафати роҳҳо, тоза кардани ду қади роҳ аз партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ, алафҳои бегона ва хорҳо, шудгор намудани даруни боғот ва сафед кардани дарахтон  дода шуд.

Дар охир Раиси ноҳия ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.