Ҷаласаи кории Роҳбари МИҲД-и ноҳияи Ашт

 730 боздид

Имрӯз, 23 июли соли ҷорӣ, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия таҳти Раёсати Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи корӣ, бо иштироки муовинони раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоаҳою шаҳраки деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия баргузор гардид.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти як қатор шуъбаву бахшҳои МИҲД, ҷамоатҳою шаҳраки деҳоти ноҳияро дар давоми нимсолаи аввал таҳлил намуда, масъулони соҳаро вазифадор намуд, ки ҷиҳати бартараф намудани  камбудиҳои ҷойдошта дар таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ба раисони ҷамоатҳою шаҳраки деҳоти ноҳия супориш дода шуд, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва бурунмарзӣ дар муддати кӯтоҳтарин сохтмони иншоотҳо ва  корҳои ободонию бунёдкорӣ, ки ба муносибати  ҷашни 30 солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ба итмом расонида шавад.

Ба кишоварзони  ноҳия дастур дода шуд, ҷиҳати барқарор намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ монда, тақсимоти одилонаи обро ба ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об чораҷӯйӣ намоянд.

Дар ҷаласа Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамчунин кори соҳаҳои тандурустӣ ва маорифро баррасӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, дастуру супоришҳо дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.