Имрӯз (23.05.2022) таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҷалби роҳбарони сохторҳои марбутаи соҳаи кишоварзӣ дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи корӣ гузаронида шуд.
Дар оғоз Раиси ноҳия ба кишоварзон ва роҳбарони сохторҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои нақшаи кишти картошка ва истифодаи самараноки замин дар минтақаҳо тавсияҳо дод. Қайд карда шуд, ки дар шароити ноҳияи Ашт бояд ҳар як ваҷаб замин пурсамар истифода бурда шуда, маҳсулотҳои зарурӣ рӯёнида шавад. Чун дар ҷодаи амнияти озуқаворӣ картошка ҳамчун нони дуюм нақши муҳим бозида, таҳти таваҷҷӯҳи бевоситаи роҳбари давлат қарор дорад.
Баъдан масълаи таъмини пахта бо об мавриди барраси қарор гирифт ва барои нашъунамои хуби “тиллои сафед” роҳбари ноҳия андешаҳои худро баён намуда, вобаста ба мушкилоти баъзе минтақаҳои ҳудуди ноҳия изҳори нигаронӣ кард. Дар раванди машварат Шӯҳрат Муҳаммадзода таъкид намуд, ки ҷавобан ба дастгириҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони ноҳия бояд содиқона меҳнат намоянд.