Ҷамъбасти озмуни вилоятии «Техникони наврас» дар ноҳияи Ашт

 2 050 боздид

Санаи 25 апрели соли ҷорӣ дар театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия бо иштироки Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашурматов  озмуни вилоятии “Техникони наврас” баргузор гардид.

Мақсад аз гузаронидани ин озмун ҷалби бештари хонандагон ба равияҳои техникӣ, бедор намудани шавқи онҳо ба озмуни “Техникони наврас”, омӯзиши техника ва ихтироъкорӣ, вусъат додани интихоби касб дар байни хонандагон аз тарафи масъулин арзёбӣ шуд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зимни баромади худ қайд кард, ки бо дастгирии мардуми саховатманди ноҳия, ҷомеаи омӯзгорон ва соҳибкорон тариқи ҳашар  сохтмони бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ, ки соли 2002  дар натиҷаи сухтор  корношоям гардида буд, барои фаъолият сохта ба истифода дода мешавад. Хушбахтона имрӯз корҳои сохтмонӣ ва пардозкунӣ ба охир расида, Маркази таҳсилоти иловагӣ дар арафаи ба истифода супоридан қарор дорад.

Фирдавс Ашурматов директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд зимни суханронии худ иброз дошт, ки дар ноҳияи Ашт бунёди Маркази таҳсилоти иловагӣ  шуда истодааст, ки дар қаламрави мамлакат назир надорад. Вақте таърихи Маркази таҳсилоти иловагиро дидан кардам,  аввалин маркази таҳсилоти иловагӣ соли 1932 маҳз дар ноҳияи Ашт ташкил шудааст.

Озмуни вилоятии “Техникони наврас” аз рӯи 7 бахш – радиоконструкторӣ, авиамоделӣ, машинаҳои ояндаи коинот, автомоделӣ, киштии ояндаи обӣ, шаҳри оянда ва ихтироъкорӣ доир гардид, ки дар он беш аз 300 нафар хонандагон аз 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят иштиок намуданд.

Инчунин ба ин озмун ба ҳайси довар Набиҷон Муҳаммадҷонов сармуаллими кафедраи технологияи ДДХ, Муродҷон Қӯзиев дотсенти кафедраи технологияи ДДХ, Валӣ Қобилов дотсенти Донишкадаи куҳӣ металлургии Тоҷикистон, Уктам Юлдошев корбари пешбари илмии Маркази илмии Хуҷанди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Ҳусейнов мушовири маркази миллии патенту иттилоот дар вилояти Суғд ва Ҳакимҷон Шамсиев намояндаи маркази патенту иттилоот дар вилояти Суғд даъват шуда буданд.

Дар ҷамъбасти озмуни вилоятии “Техникони наврас” дастаи хонандагони         шаҳри Хуҷанд ҷои аввал, дастаи шаҳри  Конибодом ҷои дуюм ва дастаи ноҳияи Ашт ҷои сеюмро ишғол намуда, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии раёсати маорифи вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни вилоятии “Техникони наврас” бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ва дастгирии Раёсати маорифи вилояти Суғд ҳамасола гузаронида мешавад.

 

 

 

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.