Ҷамъияти оҳангарони Ашт 4-уми июни соли 1877 ташкил гардида, таъсисдиҳандаи он бостоншинос ва гӯштингир Акрам Аскаров мебошад. Номбурда то соли 1916 сарварии ин ҷамъятро бар дӯш дошт.
Санаи 27 август дар деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Ашт Анҷумани сеюми оҳангарони аштӣ баргузор гардид, ки дар он оҳангарон аз Ҳисор, Спитамен ва Хуҷанд иштирок намуданд.
Дар анҷуман ҳамзамон, раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ва дигар шахсони расмӣ ширкат карда, молу маҳсулоти тавлидкардаи онҳангаронро дидан намуданд. Раиси ноҳия гуфт, ки оҳангарӣ дар ҷамоати деҳоти Ашт рушд карда, он маъруфияти зиёдро касб кард. Оҳангарони ҷамоат тавонистанд молу маҳсулоти худро дар бозорҳои кишвар серхаридор созанд. Мо бовар дорем, ки минбаъд низ оҳангарон барои сохтани асбобҳои зарурӣ ба мардум сарбаландона хизмат мекунанд.
Рӯзноманигор Насибҷон Амонӣ, ки замоне ба фурӯши маҳсулоти оҳангарони аштӣ дар Қазоқистон машғул буд мегӯяд, Ҷамъияти оҳангарони Ашт 4-уми июни соли 1877 дар шаҳри Тошканд таъсис ёфта, ташкилкунандаи ин ҷамъият бостоншинос ва гӯштингир Акрам Аскаров буданд, ки то соли 1916 сарварии ин ҷамъиятро ба уҳда доштанд. Мувофиқи навиштаҷоти бостоншиносон дар он давра Ҷамъияти оҳангарони Ашт 4560 узв дошт. Ба гуфтаи таърихшинос Бахтовар Темирзод оҳангарони аштӣ ҳатто шаҳри Оҳангаронро дар Ӯзбекистон ташкил карданд.
Замоне хитоиҳо кӯшиш карданд, ки бо асбобҳои сохтаи худ ҷои асбобҳои оҳангарони аштиро бо нархи арзон гиранд, вале сифати асбобҳои хитоиҳо ки паст буд натавонистанд ҷои маҳсулоти оҳангарони моро гирад. Мардум фаҳмиданд, ки асбоби оҳангарони аштиро солҳои зиёд истифода бурдан мумкин аст ва боз ба маҳсулоти оҳангарони худи рӯ оварданд,- мегӯяд Насибҷон Амонӣ.
Сабаби асосии рушди ин ҳунар дар ноҳияи Ашт он аст, ки оҳангарӣ пешаи гузаштагонашон мебошад. Ҳунари оҳангарӣ ҳамеша барои ҷомеа зарур аст. Гарчанде илму техника дар асри 21 рушд кард, вале зарурат ба асбобҳои тавлидкардаи оҳангарон ҳамоно ҷой дорад.
Оҳангар аз деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Ашт Раҳимҷон Аслонов мегӯяд, аз соли 1974 инҷониб бо ҳамин касб машғул аст. Фаъолияти корияшро ӯ аз шаҳри Ҳисор оғоз карда, аз соли 1991 инҷониб дар ноҳияи Ашт корашро давом медиҳад. Шогирдони зиёдро дар пешаи оҳангарӣ омода кардааст, ки баъзеи онҳо дар шаҳри Ҳисор ба оҳангарӣ машғул мебошанд.
Дар як моҳ то 2000 сомонӣ аз пешаи оҳангарӣ фоида ба даст меорам. Як каланде, ки месозам дар бозорҳои кишвар то 20 сомонӣ арзиш дорад. Маҳсулоти оҳангарӣ аз Русия ба бозори “Баркат”- шаҳри Хуҷанд меояд ва мо онро харидорӣ мекунем. Як тонна оҳан то 10 ҳазор сомонӣ арзиш дорад,-илова намуд ҳамсуҳбати оҳангарам.
Оҳангарони аштӣ бештар ба сохтани дост, каланд, бел, табар, теша, чок, бухорӣ (печка), корд ва дигар асбоби рӯзгор машғул мебошанд. Маҳсулоти тавлидкардаи онҳо натанҳо дар Тоҷикистон балки дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ харидори зиёд дорад. Соли ҷорӣ аз таъсиси Ҷамъияти оҳангарони Ашт 140 сол пур шуд.
Саодат ИСМОИЛӢ