Дар ноҳияи Ашт як ҳафта инҷониб барои ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2019 корҳо бомаром идома дорад.
Тавре аз раёсати кишоварзии ноҳия иттилоъ доданд, ҳоло ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Ифтихор Шодоба ва Ашт бо суръат ҷараён дорад.
Аз хоҷагии деҳқонии «Судҷа» ба маълумот доданд, ки ҳашарчиёнро барои пахтачинӣ аз шаҳрҳои Гулистону Бӯстон ва Истиқлол тариқи шартнома даъват намуда, онҳоро бо корҳои мавсимӣ ҷалб намудаанд. Ҳоло бошад барои як киллограм пахтаи чидашуда, 50 дирам пардохт карда мешавад.
Рафти пахтачинии ҳаррӯзаро роҳбарияти МИҲД-и н.Ашт назорат намуда, барои тезтару хубтар ҷамъ кардани тиллои сафед ба масъулин супоришҳои мушаххас медиҳад.
Маркази матбуотии Раиси ноҳияи Ашт