Дар ноҳия баҳри таъмини рушди инфрасохториву коммуникатсионӣ ва бо мақсади тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, ба таъмиру тармим (мумфаршкунӣ бо асфалти гарм, таъмири ҷорӣ ва ғайра) ва беҳдошти ҳолати техникии роҳҳои дохиливу маҳаллӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аҳамияти хоса зоҳир карда шуда истодааст. Тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сарҷамъиву муташаккилии аҳли ҷамоатчигӣ барои ободу зебо гардонидани маҳал сурат гирифта, ҳамовозӣ ва пайгирӣ дар татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ташаббусҳои созандаи аҳолӣ ва соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Ошоба дар қатори дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия махсус қайд карда мешавад.
Соли 2024 аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорон ва мардуми маҳал 36 километр роҳҳои маҳалливу дохилиро бо асфалти гарм мумфарш (вазни қиёсӣ маҷмӯан нисбат ба роҳҳои дохиливу маҳаллии мумфарш намудаи 9-ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 20 фоизро дарбар гирифтааст), 8 километр таъмири ҷорӣ ва 2 километрро роҳҳоро шағалпӯш намуданд ва ин иқдом низ соли ҷорӣ бо муташаккилии аҳли мардуми ҷамоат ҷараён дорад.
Ба санаи ҳисобӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ошоба дар ин самт 7 километр роҳҳои маҳалливу дохилиро бо асфалти гарм мумфарш (вазни қиёсӣ маҷмӯан нисбат ба роҳҳои дохиливу маҳаллии мумфарш намудаи 9-ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 44 фоизро дарбар гирифтааст) ва 7 километрро роҳҳоро шағалпӯш намудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода дар ҳама ҷаласаву маҷлисҳои корӣ ва мулоқоту вохӯриҳо мардумро ба дӯст доштани Ватан, ободии ҳар як гӯшаи диёр ва саҳми арзанда гузоштани сокинон даъват ба амал оварда, итминон аст, ки бо меҳнату заҳмати аҳлона ва дастоварду комёбиҳои назаррас ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд.
Биноан, корҳои мумфаршкунӣ дар деҳаи Аппони болои маҳаллаи ба номи Мадбобоев Х. дар ҷӯшу хуруш буда, бо ин мақсад Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар якҷоягӣ бо масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Ҷамоати деҳоти Ошоба бо мардуми маҳал дар корҳои мумфаршкунӣ ҳамдастӣ намуданд.
Мардуми маҳаллаи ба номи Мадбобоев Х. мумфаршкунии 4-км роҳи маҳаллиро ба нақша гирифта, айни ҳол мумфаршкунии 2-километри онро ба анҷом доданд ва корҳо дар ин самт идома доранд. Корҳои ободкорӣ, аз ҷумлаи мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ дар маҳаллаи “Саховат-1”-и Ҷамоати деҳоти Ошоба ҳамзамон махсус қайд карда мешавад. Дар аҳлӣ ва ташаббусҳои созанда онҳо азм доранд на кам аз 6-километр роҳҳои маҳаллиро бо асфалти гарм мумфарш намоянд.
Дар сӯҳбати озоди сарироҳӣ бо мардуми маҳал ва бунёдкорон, ба онҳо барои ташаббусҳои бунёдкорона ва дастгирии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд. Қайд карданд, ки ҳар яки мо шукронаи кишвари азизамон — Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кунем, ватанамонро ҳамешагӣ дӯсту азиз дорем, ба қадри оромиву осудагӣ ва хуррамиву ободӣ расем, соҳибистиқлоливу ваҳдати комилро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва гиромидошти падару модар ба воя расонем, таълиму тарбияи дуруст диҳем, аз шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову ифротӣ пешгирии намоем, пеши роҳи ҷинояту ҷинояткориро гирем, дар тӯю маъракаҳо аз зиёдаравӣ ва исрофкорӣ худдорӣ намоем, фарзандонро ба адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасу қарзи аввалиндараҷа сафарбар намоем ва доимо содиқи Ватану давлат бошем.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин, махсусан, заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи 2-солаи маводҳои ғизоиву озуқаворӣ, инчунин тоза намудани хонаву кошонаи худ, обод намудани дару девори манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва рушди инфрасохтори маҳал ба аҳолӣ тавсияҳои муфид ва раҳнамоӣ намуданд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ