ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ

 180 боздид

Дар ноҳия баҳри таъмини рушди инфрасохториву коммуникатсионӣ ва бо мақсади тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, ба таъмиру тармим (мумфаршкунӣ бо асфалти гарм, таъмири ҷорӣ ва ғайра) ва беҳдошти ҳолати техникии роҳҳои дохиливу маҳаллӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аҳамияти хоса зоҳир карда шуда, корҳо дар ин самт рӯ ба вусъатанд.

Ба санаи ҳисобӣ дар ноҳия дар маҷмӯъ 54,1 км таъмири асосӣ (капиталӣ), 176,0 км таъмири ҷорӣ ва 47,9 км шағалпӯш карда шудааст, ки ҳосили ҷамъи он нисбати нақшаи пешбинишуда 66 км зиёд буда, 131,0%-ро дарбар мегирад.

Дар ин корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми аҳолӣ ва соҳибкорону шахсони ташаббускору эҳсонкори ноҳия хосатан қайд карда мешавад. Маҳз, ин ҳама ободкориҳо бо сарҷамъиву муташаккилии аҳли ҷамоатчигӣ барои ободу зебо гардонидани маҳал сурат гирифта, ҳамовозӣ ва пайгирӣ дар татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар доираи шиносоӣ ва боздид аз рафти корҳои мумфаршкунӣ бо асфалти гарм дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт ва деҳаи Аппони болои Ҷамоати деҳоти Ошоба дидан намуданд.

Мумфаршкунии роҳи дохилии маҳал бо риояи қоида ва талаботҳои роҳсозӣ роҳандозӣ гардида, ба корҳои пудратии мумфаршкунӣ ташкилоти соҳавии роҳсозӣ ҷалб карда шудааст.

Натиҷа ва нишондиҳандаҳои ибратбахш дар ин самт шаҳодати он аст, ки дар ин давра роҳҳои дохилии маҳаллии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ашт ба қадри 3,5 км таъмири асосӣ (капиталӣ), 3,0 км таъмири ҷорӣ ва 3,0 км шағалпӯш; роҳҳои дохилии маҳаллии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ошоба ба қадри 22,0 км таъмири асосӣ (капиталӣ), 10,0 км таъмири ҷорӣ ва 16,0 км шағалпӯш карда шудаанд.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар сӯҳбати озоди сарироҳӣ бо мардуми маҳал ва бунёдкорон, ба онҳо барои ташаббусҳои бунёдкорона ва дастгирии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Зикр намуданд, ки ҳар яки мо шукронаи кишвари азизамон — Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кунем, ватанамонро ҳамешагӣ дӯсту азиз дорем, ба қадри оромиву осудагӣ ва хуррамиву ободӣ расем, соҳибистиқлоливу ваҳдати комилро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва гиромидошти падару модар ба воя расонем, таълиму тарбияи дуруст диҳем, аз шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову ифротӣ пешгирӣ намоем, пеши роҳи ҷинояту ҷинояткориро гирем, дар тӯю маъракаҳо аз зиёдаравӣ ва исрофкорӣ худдорӣ намоем, фарзандонро ба адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасу қарзи аввалиндараҷа сафарбар намоем ва доимо содиқи Ватану давлат бошем. Ҳамзамон, дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин, махсусан, заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи 2-солаи маводҳои ғизоиву озуқаворӣ, инчунин тоза намудани хонаву кошонаи худ, обод намудани дару девори манзилҳои истиқоматӣ ва рушди инфрасохтори  маҳал ба аҳолӣ тавсияҳои муфид ва раҳнамоӣ намуданд.

 

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.