Истиқлоли давлатӣ – дастоварди бузурги давлату миллати тоҷик буда, ин неъмати бузург ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву хамзистӣ ва осоиштагиро ато намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро “Арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик” дар замони муосир номидаанд. Дарвоқеъ, миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, яъне расидан ба соҳибистиқлолӣ ба музаффарияту комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назири худро надоранд.
Қайд кардан зарур аст, ки имрӯзҳо дар ҳар гӯшаву канори кишварамон, бо ҷумла ноҳияи Ашт корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонию кабудизоркунӣ бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ рӯ ба вусъат доранд.
Бахшида ба ин ҷашни мӯътабар тибқи нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давоми солҳои 2022-2026 ба истифода ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани 744 адад иншоотҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати то 01-уми марти соли 2025 ба миқдори 934 адад иншоотҳои ҷашнӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 125,6% ва 190 адад иншоотҳои ҷашнӣ пурраву барзиёди нақша аст.
Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ашт дар қатори дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ аҳамияти махсус зоҳир карда шуда, мардуми шарафманди ин диёр бо сарҷамъӣ ва шукронаи кишвари ободу зебо дар корҳои мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, синфхонаҳои иловагӣ, иншоотҳои савдо ва хизматрасонӣ, пулу купрӯкҳо ва ғайра саҳми арзанда доранд.
Яке аз чунин тадбирҳои созандагиву бунёдкоронае, ки дар деҳаи Ашти болои Ҷамоати деҳоти Ашт (маҳаллаҳои ба номи М.Машарипов ва М.Шоматов) ҷараён дорад, сохтмони 2-адад пули (купрӯк) нав, ки барои барои гузашти мардум ва нақлиёт пешбинӣ шудааст, мебошад. Ин ободкорӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, МД “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ашт”, ҶДММ “Ширкати сохтмонии Рахшона” ва сарҷамъию ташаббусҳои мардуми маҳал – сокинон, соҳибкорон ва муҳоҷирони бурунмарзӣ амалӣ гардида истодааст.
Арзиши лоиҳавии ин 2 иншоот дар маҷмӯъ зиёда аз 500,0 ҳазор сомониро дарбар гирифта, дарозии ҳар яке 24- метр ва паҳноии он 4 метрро дарбар гирифта, бо талаботҳои сохтмонӣ ва роҳ бунёд гардида истода, дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор дорад.
Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳии масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, МД “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ашт”, Ҷамоати деҳоти Ашт аз рафти корҳои бунёдии ҳардуи ин иншоотҳои бунёдшудаистода, боздид ва дидан намуданд.
Дар аснои боздид, бо масъулини Ҷамоати деҳоти Ашт, маҳаллаҳои болозикр, мардуми маҳал ва сохтмончиёну заҳматкашони ин иншоотҳо сӯҳбати самимӣ ороста, барои ташаббусҳои бунёдкоронаашон изҳори миннатдорӣ ва ба онҳо дар ҳаёту рӯзғорашон хонаободӣ ва муваффақиятҳо таманно намуданд.
Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода зикр намуданд, ки пешрафту бузургии мо — аз сарҷамъию муттаҳидӣ аст ва бо ин васила мо метавонем аз ӯҳдаи ҳамаи корҳое, ки ба манфиати оила, мардум ва давлату миллат аст, сарбаландона бароем.
Аз нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар (28.12.2024сол) ба самъи ҳозирин расониданд, чунончӣ: “Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам. Зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминон дорам. Хуб медонам, ки мо бо чунин мардуми ватандӯсту заҳматкаш тамоми нияту нақшаҳои некамонро дар солҳои наздиктарин амалӣ мегардонем ва Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафтаву нерӯманд ва ободу сарсабз табдил медиҳем”.
Масъулини Ҷамоати деҳоти Ашт ва маҳал дар интиҳо иттилоъ доданд, ки ҳардуи ин иншоотҳоро, ки армуғон ба ҷашни муқаддаси Истиқлоли давлатӣ аст, дар арафа ва таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилал мавриди баҳрабардорӣ бо кулли сокинону фаъолон қарор медиҳанд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ