Ҷашни Сада дар ноҳияи Ашт

 1 606 боздид

Имрӯз бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар назди Tеатри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бахшида ба Иди Сада чорабинии идона, намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ, ярмарки ҷойҳои кори холӣ, намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони ноҳия баргузор шуд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баромади хеш иброз дошт: “Дар оғози саршавии корҳои саҳроӣ барои деҳқонон яке аз ҷашнҳои қадима ин ҷашни Иди Сада ба шумор меравад. Ин ид яке аз ҷашнҳои қадимаи халқҳои эронинажод, ки рӯзи дуюми моҳи ёздаҳуми солшумории шамсӣ-баҳман барпо мешавад. Аз сарчашмаҳои илмию адабӣ маълум аст, ки баҳман ба 22 январ то 22 феврал рост меояд. Мегӯянд, ки гуле, ки дар оғози сол мешукуфад, онро Баҳман мегӯянд”.

-Дар баргузории ҷашни Иди Сада, ки бисёр гулу гулбуттаҳо ба намоиш гузошта шуданд. Аз ин рӯ, мебояд дар мардум руҳияи табиатдӯстдориро бедор созем, дар муассисаҳои таълимӣ корҳои таълимиро ҷоннок намоем, дар вуҷуди насли наврас эҳтиром ба Ватан, дӯст доштани табиату наботот ва меҳнатро ҷой намоем, гӯфт роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

Инчунин роҳбарияти МИҲД-и ноҳия зикр дошт: “Имрӯз дар саҳни Театр намоиш ва фурӯши гулу гулбуттаҳо, дарахтони ҳамешасабз, ниҳолҳои мевадиҳанда ба роҳ монда шудааст. Умедворам, ки ин иқдоми нек ба таври доимӣ ҳар ҳафта дар назди бозорҳо, дар ярмаркаҳои фурӯши ниҳолҳо идома ёфта, баҳри гул-гул шукуфоии ноҳияамон чораҳо амалӣ хоҳем намуд”.

Дар намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ, кӯчати гулу гулбуттаҳо ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ 10 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, ҳамешасаб ва мевадиҳанда,  5 ҳазор бех гулҳои ороишӣ пешниҳод гардидаанд.

Аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби фарҳангӣ низ пешниҳод гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.