Дар зиндагии ҳар фард, алалхусус, баъди расидан ба синни камолот замоне фаро мерасад, ки сарро сари зону гузошта ва ё байни ду даст гирифта, ба дарёи фикру андеша ғӯтавар мешавад ва раҳи паймудаи зиндагии худро бори дигар пеши назар оварда, амалкардҳои хешро, чӣ хубу чӣ бад, дар мизони ақл бармекашад. Чун дафтари рӯзҳои бебозгашт сипаригаштаро бори дигар варақгардон мекунад, дар сафҳаҳои он ҳама кирдору гуфторҳо, рӯйдоду ҳодисаҳо ва бахусус сарчашмаи ин ҳама гирудорҳо – одамон пеши назар чун навори кино ҷилвагар мешаванд.
Дар ин лаҳзаҳо, бахусус, бештар он нафаронеро ёдовар мешавӣ, ки айни замон дар қайди ҳаёт нестанду зиндагиро дар зинаҳои пасту баланд падруд гуфтаанд. Дар байни он афроди бешумор шахсонеро кайҳо фаромӯш кардаю асло ба ёд овардан намехоҳӣ ва симои дигаронеро бо як самимият пеши назар овардаю ҳеҷ аз лавҳи хотир дур кардан намехоҳӣ.
Шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев маҳз аз зумраи он шахсоне мебошанд, ки ба гурӯҳи дувум мутааллиқанд. Он ки, тақдир моро ба ҳам овард ва чанд муддат ҳамкору ҳампеша будем, мояи сарфарозию ифтихори ман аст. Зеро шахс вақте мартабаю манзалати баландтареро касб менамояд, ки бо инсони дар ҳақиқат бузургу бошараф ҳамнишину ҳамсуҳбат шуда ва болотар аз он дӯсту бародар гардида бошад. Шодам, ки маро дар пайраҳаҳои пурпечутоби зиндагӣ чунин бахти бузург насиб гардидааст ва нафаре аз ин зумра шахсон маҳз он марди қавииродаю боҷасорат, донишманду нуктафаҳм мебошанд.
Имрӯз дафтари хотиротамро варақгардон карда, рӯзҳои аввали шиносоиамонро, ки солҳои ҳафтодуми асри гузашта иттифоқ афтода буд, ба ёд меорам. Он вақтНурулло Ҳувайдуллоев дар мақомоти судӣ, ман дар мақомоти прокуратура фаъолият мекардем. Баъдина бошад, ман дар шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ифои вазифа менамудаму шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев баъди хатми аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятӣ дар назди Кумитаи марказии ҲКИШ даставвал ба ҳайси муовин ва баъдина сардори ҳамин шуъба кор мекарданд. Дар ҳамон солҳои ҳамкорӣ ман эҳсос кардам, ки он кас як марди боҷасорату нотарс ва дар айни замон донишманду бозаковат мебошанд. Дар кор сахтгиру серталаб, аммо фориғ аз кор шахси ҳалиму хоксоранд. Дарк кардам, ки бо чунин нафарон ҳамкор будан кайфияти хосае дорад, зеро ҳам донишу таҷрибаат афзун мешавад ва ҳам аз мактаби одамгарию одамшиносӣ сабақ меомӯзӣ. Солҳои баъд низ, вақте ки он кас дар он солҳои пурошӯб Прокурори генералӣ таъин шуданду ман дар бахши тафтишотии мақомоти прокуратура ифои вазифа менамудам, чун ҳампешаю ҳамандеша будем, ин робитаи дӯстиамон идома ёфту қавитар гардид.
Имрӯз хушнудона ёдрас мешавам, ки он занҷираи хамдигарфаҳмию эҳтироми якдигар, дӯстию бародарии дар тӯли солҳои ҳамкорӣ байни мо вуҷуддошта то интиҳои умри шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев гусаста нагардид. Ва баъди маргашон ҳам ман он дафтари хотираҳои неку фаромӯшношуданиро бо шодравон гиромӣ доштаму медорам. Ҳамон тавре, ки он кас дар солҳои ҳафтодум ва баъдина маро сардору устод буданд, пас аз даргузашташон дар солҳои навадум ман чунин муносибати самимиро нисбат ба писарашон – Фурқатҷон, ки узви Фронти халқӣ гардида, ҷиҳати амалӣ гардидани орзую омоли падараш баҳри тантанаи қонунияту адолат фидокориҳо намуд, идома додам. Аммо ин баъдтар рух дода ва дар сафҳаҳои дигари дафтари хотиротам нақш бастааст, вале он вақт замони корнамоиҳои падар буд.
Шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев аз мактаби ҳамонвақта ҳизби муқтадир ва пешбари ҷомеа сабақ гирифта, донишу малакаашонро афзун намуда, пас он таҷрибаи андӯхтаро дар ҷараёни фаъолияташон ба ҳайси вакил ва Раиси кумитаи Шӯрои Олии кишвар татбиқ намуданд. Алалхусус, роҳи бебозгашти ҳақгӯиву ҳақталошӣ, ростгӯиву ростқавлӣ, адолатхоҳию принсипнокӣ ва риояи ҳатмии қонуниятро, ки чун ҳуқуқшиноси варзида пеша карда буданд, ҳангоми фаъолияташон ҳамчун узви комиссияи тафтишоти воқеаҳои моҳи феврали соли 1990 ба ҳамагон бармало нишон доданд. Аз ҳамон рӯзҳо мухолифоне, ки қасди ғасби ҳокимиятро ба сар доштанд, он касро ҳамчун монеаи ҷиддие дар роҳи амалӣ кардани нақшаҳои бадкоронаашон ҳисобида, тухми кинаю адоватро ба қалбҳои нопокашон коштанд.
Аз моҳи феврали соли 1991, ки он кас дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ аз байни се номзад нахустин Прокурори генералии ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон интихоб шуданд, ин тафриқаи пайдошуда бо мухолифин бештару амиқтар гардид. Зеро роҳи пешакардаи онҳо мухталифу мухолифи ҳам буд, яке роҳи ростро интихоб кардаю дигаре бо роҳи каҷ қадам мегузошт. Яке бо риояи ҳатмии қонунҳои мавҷуда, муборизаи оштинопазир бурдан ба ҷинояткорию ришвахӯрӣ пеши роҳи қонунвайронкунию бенизомиҳоро гирифтанӣ буд, дигароне баръакс, обро лой кардаю моҳӣ доштан мехостанд.
Имрӯз он давраи бенизомию беҳокимиятӣ, ҳуқуқвайроникунию қонуншиканиҳоро, ки муҷиби ҷанги шаҳрвандию куштори ҳазорҳо шаҳрвандони бегуноҳ гардид, ба ёд оварда, афсӯс мехӯрам, ки агар дар он лаҳзаҳои тақдирсози миллат шахсони ғаюру боҷасорат, ҳақгӯю ҳақшинос, ҳомии ҳақиқии тартиботу риояи қонунҳои амалкунанда чун шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев бештар мебуданду дар як саф бо ӯ қарор медоштанд, мо метавонистем дар оғоз пеши роҳи он ҷанги хонумонсӯзро бигирем. Дар ин маврид ҳақ ба Саъдии бузургвор аст, ки чандин қарн пештар огоҳамон карда буд:
Сари чашма шояд гирифтан ба бел,
Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил.
Оре, он ахгарро дар ибтидо андак пиндоштем, аммо он забона заду сӯхтори азимеро ба вуҷуд овард, ки дар натиҷа хушк ҳам сӯхту тар ҳам. Бале, мудҳиштарин давраи аввали истиқлоли кишвар маҳз ҳамон ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки боиси марги ҳазорон шаҳрвандон, бевамонии занону ятимгардии кӯдакон, то ба миллион расидани теъдоди гурезагон ва ба миллиардҳо расидани хисороти моддии он гардид. Алалхусус хисороти маънавии он барои мардуми кишвар басо гарон омад, чунки дар баробари шаҳрвандони бегуноҳ боз шахсиятҳои барҷастаи миллат мавриди таъқибу куштор қарор гирифтанд, ки яке аз онҳо шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев буд.
Он рӯзи наҳси 24 августро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам ва то имрӯз ҷузъиёти он аз лавҳи хотиротам зудуда намешавад. Чунки он рӯз бароям басе душвор оғоз гардид. Аз нимаҳои шаб хобҳои парешон маро нагузоштанд, ки ором бихобам. Субҳи барвақт бо як нороҳатӣ аз ҷогаҳ бархоста, бо табъи нохуш, ҳатто наҳорӣ накарда, ҷониби коргоҳ роҳ пеш гирифтам. Дар идора ҳам хеле бо хотири мушавваш нишаста, хостам худро андармони коре кунам, аммо дасту дили гарме надоштам. Аз як тараф ҳаводиси ахири кишвар маро безобита карда бошад, аз ҷониби дигар қалбам аз паёмади нохуше дарак медод. Ва ин хабари нохуш куштори ҳомию нигаҳбони қонуният дар кишвар – Нурулло Ҳувайдуллоев буд, ки бо шунидани он чун шахси барқзадае дар ҷоям шах шуда мондам, на қудрати сухангӯӣ доштам ва на тавони раҳгардӣ. Пас аз гузашти чанд муддате худро ба даст гирифта, бошитоб сӯи макони ҳодисаи ваҳшатбор роҳ пеш гирифтам.
Раҳораҳ ҳеҷ бовариам намеомад, ки пастфитратону нокасон то ин дараҷа аз худ рафта, ба ҷони Прокурори генералӣ, нафаре, ки аз ҳамагон риояи ҳатмии ҳуқуқу қонунҳоро талаб дошт, дастдарозӣ кардаанд. Ҳарчанд то ин замон таҳдиду фишоровариҳо буданд, аммо аз сухан ба амал гузаштани он ноҷавонмардонро интизор набудам. Шояд ду ҳафта пеш аз рӯйдоди хунин аз нигаҳбонҳои шахсӣ даст кашидани ин марди боҷасорат он тарсуёни кунҷи деворро ба кирдори разилона водор карда бошад.
Бале, ба кирдор, ҳол он ки қаблан гуфторҳои таҳдидомез аз забони афроди мухолифи ҳукумати конститутсионӣ ошкору ниҳон садо дода бошанд ҳам, аммо шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев танҳо бо як ибораи он замон вирди забонҳо гаштаи «Ман тарсончак нестам», ҷасуриву мардонагии худро нишон доданд. Он мубоҳисаи тезу тунди телевизионие, ки ғайричашмдошти ташкилкунандагони он ба пирӯзии комили шодравон хотима ёфт, обрӯю эътиборашонро дар байни мардуми кишвар баландтару дар айни замон сафи душманонашонро бештар гардонда, ба онҳо роҳи интихоби дигареро, ба ҷуз ҷисман нобуд кардан, нагузошта буд. Дарк карданд, ки бо ин шери жаён дар майдони кушод тавони ҳамнабард шуданро надоранд, пас барои расидан ба мақсадҳои разилонаашон роҳи макру фиреб ва нопокию ноҷавонмардиро пеш гирифтанд.
Баъдтар тафтишот муайян кард, ки нақшаи кушторро ҳамонрӯза роҳбарони ҳизби мухолифони ба ном “демократию исломӣ”, вале дар амал террористӣ, ба мисли Шодмони Юсуф, ки худро роҳбари «Наҷоти Ватан» номида буд, сардори он ситоди ҷаллодпеша Саидмурод Қурбонов ва чанд ҳаммаслакони онҳо тарҳрезӣ карда буданд. Нақшаи кушторро онҳо барвақт кашидаю зархаридони нопокро ҳам пайдо карда, дар пайи имконияти мувофиқ буданд.
Шояд дар воситаҳои ахбори оммаи зердасташон зидди нигаҳбонҳои шахсии Прокурори генералӣ ҳангома бардошта, онҳоро аз «бозӣ баровардан» як самти он нақшаи бадхоҳона буд. Ин ҷо бояд тазаккур дод, ки мутаассифона, як гурӯҳ депутатҳои Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, ки дар он рӯзҳо мухолифони ҳукумати конститутсиониро ошкору пинҳонӣ дастгирӣ менамуданд, ба фишору таҳдиди ҷисман нест кардани Прокурори генералӣ воқеъбинона назар накарда, ҷиҳати бозхонд намудани нигаҳбонҳои шахсии шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев овоз доданд. Ин мавқеъгирии ноодилона ҷинояткоронро ба ин амали бераҳмона таҳрик намуд. Чун фурсати муносиб фаро расид, ин кирдори ваҳшиёнаро бо дастони ҷаллодони хунхор Раҳимбек Нуруллобеков ва Давлатбек Махмудов амалӣ намуданд. Ҳарчанд ҳақ ба ҳақдор расид ва он ҷаллодон дар як муддати кӯтоҳ дастгир гардида, бо ҳукми суд ба қатл маҳкум шуданд, аммо талафоти ба мардуми ҳақҷӯю ҳақпарасти кишвар, ба ҳуқуқу қонуният расондаи онҳо ҷуброннопазир боқӣ монд.
Ибораи машҳури он солҳо аз қалбашон баромада ва аз забонашон садододаи «Агар марги ман ба ҷумҳурӣ оромӣ орад, ман ба марг омода ҳастам» на он замон, балки бо мурури панҷ соли даргирию кушторҳо, муколамаю машваратҳо, ҷаҳду талошҳо ва ҳамдигарбахшию гузашткуниҳо бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ фаро расид. Ба гуфти шоири шодравон устод Лоиқ ниҳоят:
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Ва барои он ки ҳарчӣ зудтар ин сулҳи деринтизор фаро расад чӣ қадар хунҳои ноҳақ рехта шудаю чӣ қадар мардони майдон, боҷасорату ватандӯст ҷонашонро қурбон намуданд. Пас, имрӯз мо- насли калонсолро, ки рӯзҳои мудҳишро аз сар гузаронидаем ва имрӯза насли ҷавонро, ки он воқеаҳои шумро танҳо шунидаанду аз наворҳо тамошо кардаанд, мебояд ба қадри ин сулҳу осоиштагии бар ивази хеле гарони фидокорию ҷоннисориҳо ба даст омадаро ҳифз намудаю чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Ин нукта борҳо дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст, зеро сабақ гирифтан аз он рӯзҳои ваҳшатбор, бори дигар фирефта нашудан ба доми душманони миллат, аз даст надодани ҳушёрию зиракии сиёсӣ, ба вижа барои ҷавонон хеле муҳимму сарнавиштсоз аст.
Пас месазад, ки мо имрӯз ва ҳама рӯзҳои минбаъда аз он воқаеҳои мудҳиши ҳаёти кишвар ҷавононро хотиррасон карда, номи он шахсиятҳое, ки барои фардои дурахшони ин сарзамину мардуми шарифи он ҷонашонро дареғ надоштанд, ба некӣ ёдрас шуда, хотираашонро абадӣ гардонем. Дар ин ҷода барои абадӣ кардани поси хотири шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев дар миқёси кишвар иқдомҳое карда шуданд ва хосатан кӯчаеро дар пойтахти ҷумҳурӣ ба номи он кас гузоштанд, ки боиси қадршиносию дастгирист, зеро дар ин зиндагии кӯтоҳ, вале пурбаракат он кас тавонистанд, ки бо ҷасорату мардонагӣ, қатъияту устуворӣ ва халқпарварию меҳандӯстӣ номи хешро дар таърихи солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт намоянд. Ин корномаи аввалин Прокурори генералӣ, ки барои риояи қонун, тантанаи адолат ҷонфидоӣ карданд, барои ҳар як фарди ҷомеа, хусусан кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд мактаби сабақомӯзӣ бошад.
Хотираи неки ӯ ба мо, насли имрӯзу фардо бо забони ҳол аз воқеаҳои фоҷиабори солҳои навадум ҳикоят карда, ҳамзамон таъкид месозад, ки барои риояи қонуну қонуният, ҳаёти орому осоиштаи мардуми кишвар бояд чунин нотарсу фидокор буд ва алайҳи ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо набояд хомӯшу бетараф истод. Ин худ як дарси ҳаёт аст, ки ба он ҷойгузини дигареро натавон пайдо кард.
Мехостам саҳифаҳои парешону нопурраи дафтари хаёлотамро дар бораи шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев бо мисраъҳои таскинбахши шодравон Лоиқ Шералӣ анҷом бахшам. Шоири шаҳир гӯё бо ин баётлаҳзаҳои нотакрори умри он касро, ки бо ҳама таъқибу таҳдидҳо, озору азиятҳо пеши ҳар палиду нокас сар хам накарданду зону ба замин нагузоштанд, тасвиру васф намуда бошад. Дар ҳақиқат, барои чун ӯ шахсиятҳои боҷасорату ғаюр, покдилу покниҳод, ҳақҷӯю хақгӯй ва закию донишманд сарбаланду сарафроз ва баору номус зиндагӣ кардану ин тавр дунёро тарк кардан беҳтару волотар аз бешарафию дар таги ор зиндагӣ кардан буд.
Мард он, ки шарафманду баномусу ҷавонмард
Бо ин ҳама озор сазовор бимирад!
Амирқул Азимов,
Мушовири ҳақиқии давлатии адлия,
собиқадори мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон