10-уми май гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари чоррӯза ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд, ки зимни ин сафар бо сокинони ноҳия вохӯрӣ доир менамоянд.
Дирӯз, бо иштироки Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳияи Ашт, Зафар Мамадҷонов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ашт, Баротзода Файзулло директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сангалиев Маҳмуд, мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломшиносӣ ва Салимов Фирдавс, мутахассиси пешбари Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд бо сокинон ва ҷавонони ҷамоатҳои Понғоз, Меҳробод, Пунук ва Ашт оид ба пешгирӣ кардани сокинон аз равияҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар оғоз Зафар Мамадҷонов қайд кард, ки мақсад аз роҳандозии вохӯрӣ бо сокинон корҳои фаҳмондадӣ, пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ва маълумот додан дар бораи равияҳои террористӣ ва оқибатҳои нанговари он мебошад.
Сипас Баротзода Файзулло, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромадаш гуфт, ки имрӯз аксари ҷавонони мо мехоҳанд дар донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷ таҳсил намоянд, аммо бархе аз онҳо иштибоҳан ва ё бо хости худ дар кишварҳои исломӣ таълимоти динӣ мегиранд, ки ин ба ақидаҳои мазҳаби ҳанафӣ рост намеояд.
Дар идома Баротзода Файзулло ҳаёти як донишҷӯи тоҷикро, ки дар Руссия таҳсил мекард нақл намуд. Ин ҷавони тоҷик шомили “Давлати исломӣ” мегардад ва аз он давлати ҷангзада ба кишвар меояд, аммо пас аз баргаштан низ иваз нашуда, балки корҳои таблиғотии “Давлати исломӣ”-ро идома медиҳад. Бо ин амалаш ниҳоят дастгир мешавад.
Баъдан Сангалиев Маҳмуд, мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломшиносӣ дар мавзӯи ҳисси миллӣ доштан баромад карда, зикр дошт: “Имрӯз ҷавонон бояд барои дифои Ватани хеш камари ҳиммат банданд, ки қарзи ҳар як ҷавони тоҷик аст. Дар шароити ҳозира мубаллиғони гуруҳҳои тундрав андешаи ҷавонони моро дигар карда, онҳоро гумроҳ менамоянд ва ба ҷиҳод даъват мекунанд. Аксари ҷавононе, ки имрӯз дар Сурияу Ироқ ба хотири ҷиҳод рафтаанд дар асл иштибоҳи бузург кардаанд. Ҷиҳод қатли модар, бародар, хоҳар ва кӯдакони мазлум нест, балки ҷаҳд кардан аст.
Дар охир байни масъулин ва сокинон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сайидои ШОДӢ,
Саодат ИСМОИЛӢ