7-уми феврали соли ҷорӣ даври аввали озмуни “Кадбонуи беҳтарин” дар ҷамоати деҳоти Ошоба бо иштироки мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Обода Ашуова баргузор гардид.
Озмуни “Кадбонуи беҳтарин” бо иштироки панҷ даста дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ҷамоат гузаронида шуда, дар он ороиши дастархони Наврӯзӣ бо пешниҳоди беҳтарин хӯрокҳо ва пӯхтани нону қаллама аз ҷониби кадбонуҳо ба ҳозирин намоиш дода шуд.
Дар охир аъзоёни ҳакамон аз маҳсули кори кадбонуҳо дидан карда ғолибони даври аввали озмунро муайян намуданд.
Мақсад аз роҳандозӣ кардани озмун байни бонувон дарёфти беҳтарин кадбону дар пухтани хӯрокҳои болаззати миллӣ, омода намудани хӯришҳои гуногун ва ҷалби бонувону ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ арзёбӣ гардид.