Кишти пахта дар ноҳия идома дорад

 1 326 боздид

Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ашт мавсими кишти пахта давом дорад.

Аз ҷамоати деҳоти Меҳробод хабар доданд, ки дар хоҷагиҳои деҳқонии пахтакори ҷамоат кишти пахта идома дошта, то имрӯз дар 12 га замин пахта кишт шудааст. Дар Меҳробод тибқи нақшаи дурнамои соли ‎2017 дар 250 га замин кишти пахта дар назар аст.

Соли сипаришудаи 2016 деҳқонони пахтакори ҷамоати деҳоти Меҳробод аз ҳар як гектар замин 20 сентнери ҳосил ба даст оварда, бо ин нишондод  байни хоҷагиҳои деҳқонии пахтакори ноҳия ҷои сеюмро ишғол намудаанд.

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳробод 492 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки аз он 100 адад хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор мебошанд. Соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии “Меҳрубон”, “Баҳриниссо”, “Баҳриниссо-1” ва “Самандар” пахта кишт карда мешавад.

Саодат ИСМОИЛӢ,

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.