КИТОБХОНӢ ОДАТИ ХУБ АСТ

 189 боздид

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ мавқеи китоб ва китобхониро дар ҳаёти инсон хеле муҳим ҳисобиданд. Қайд намуданд: “Ҳар як фарди бедордили кишвар бояд барои ғанӣ гардонидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Пӯшида нест, ки вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ дар байни хонандагон, донишҷӯён ва ҳатто омӯзгорон ба яке аз масъалаҳои нигаронкунанда табдил ёфтааст.

Имрӯз кӯдакон ба тамошои телевизор, диск, истифодаи компютер ва телефонҳои мобилӣ, бозиҳои интернетӣ вақту шавқ доранд, на ба китобу китобхонӣ. Ҳол он ки китобхонӣ манфиати беандоза дорад: фонди луғавии инсонро ғанӣ мегардонад, нутқро буррову равон ва ҷаҳонбиниро васеъ месозад.

Бояд гуфт, барои ҷалби хонандагон ба мутолиаи китоб аввалан саҳми волидон калон аст, қадамҳои аввали муҳаббат ва арҷ гузоштан ба китоб маҳз дар оила гузошта мешавад ва минбаъд дар мактаб идома меёбад. Ҳамчун омӯзгор мехоҳам чанд чораҳои ҷалби хонандагон ба китобро бозгӯ намоям:

**Кӯшиш кунед, кӯдакро ҳанӯз аз синни 3-4-солагӣ ба хондани китоб роҳнамоӣ намоед (бо хондани афсона, харидории китобҳои расмдор ва диққатҷалбкунанда).

**Волидон барои фарзандон намунаи беҳтаринанд: вақте падару модар китоб мехонанд, завқи китобхонии фарзандон бедору бештар мегардад.

**Баъзан ҳамроҳи фарзандон ба китобхонаҳо рафтан низ манфиатбахш аст.

**Дар хонаи зист, дар хонаи кӯдакон рафҳои китобмонӣ ташкил кунед ва намунаи китобҳои шавқовару муҳимро он ҷо монед.

**Бо роҳҳои гуногун (фақат бо зӯрӣ не) вақти тамошои телевизор ва истифодаи телефони мобилиро барои фарзандон маҳдуд созед.

**Ба фарзандон китоб туҳфа кунед.

**Китоби хондаи фарзандонро ҳамроҳ муҳокима намоед. Ин таваҷҷуҳ ба фарзанд писанд меояд ва ҳамчунин ибрози хондаҳоро ёд мегирад.

Мо, омӯзгорони МТМУ №2 ҳамаи нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат, бахусус ҷиҳати таълиму тарбияи насли ояндасоз гуфташударо дастгирӣ ва баҳри амалӣ намудани он бо тамоми ҳастӣ кӯшиш мекунем.

Муҳиба МУМИНОВА, омӯзгори МТМУ №2

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.