КОМЁБИИ КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯИ АШТ

 293 боздид

Соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Ашт ба майдони 6231 гектар пахта кишт гардида, тибқи ҳисоби пешакии мутахассисони соҳа 14.450 тонна дурнамо пешбинӣ шуда буд.

Имсол низ чун солҳои пеш мардуми заҳматпешаву деҳқонони меҳнатқарини ноҳия тавонистанд, дар қатори аввалинҳо аз иҷрои нақшаи пахтасупорӣ мужда расонанд. Ин буд, ки санаи 5 ноябр ноҳияи Ашт байни 8 шаҳру навоҳии пахтакори вилояти Суғд муждаи шодӣ расонид. Тибқи иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Р.Муҳаммадиев дар иҷрои нақшаи “тиллои сафед” аввалан ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, бахусус ҷамоатҳои деҳоти Ашт, Ориён, Ифтихор, Ошоба, Меҳробод бо сафарбаркунии ҳашарчиён саҳми калон гузоштанд. Бахусус, хоҷагиҳои деҳқонии ҶДММ “Рахшона” (Ш.Мамадҷонов), “Суҷҷа” (Ф.Муфтоев), “Рамз” (Н.Ахмедов), “Сарибоғ” (М.Ҷӯраев) ва чанди дигар пайваста заҳмат кашиданд. Дар ин комёбии ноҳия боз метавон саҳми кормандони соҳаи тандурустӣ ва маорифро зикр намуд, ки бо ташкили хуби сафарбаркунии ҳашарчиён саҳми назаррас гузоштанд.

Омили дигари муваффақияти кишоварзони ноҳия интихоби самараноки навъи тухмии пахта: флеш-туркӣ, делтапай 5111-амрикоӣ, хитоӣ ва риояи пайвастаи қоидаҳои агротехникӣ маҳсуб меёбад.

Бояд зикр намуд, пахтакорони ноҳия метавонистанд аз ин ҳам тезтару пештар нақшаро иҷро намоянд, аммо норасоии оби полезӣ дар мавсими гармо аз қисми ноҳиявии канали шимолии Фарғона, гарон шудани нархи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ, гармии шадиди тобистони имсола барои нашъунамои пахта таъсири манфии худро расониданд. Аммо новобаста ба ин кишоварзони ноҳияи Ашт дар қатори аввалинҳо ба мақсад расиданд.

Меҳнати пурсамар ҳамеша қадр карда мешавад. Ин буд, ки санаи 10 декабри соли равон дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ҷиҳати ҷамъбасти мавсими ҷамъоварии “тиллои сафед” бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ ҷамъомади мутантан баргузор шуд.

Соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Суғд, бахусус соҳаи кишоварзӣ дар баромади муовини Раиси вилоят Р.Каримзода бозгӯву таҳлил карда шуд. Ҷиҳати иҷрои нақшаи солонаи пахтасупорӣ ва ҳосилнокии он ноҳияи Ашт бо иҷрои 108,9 фоиз ва ҳосилнокии баланд дар ҷойи аввал ва баъдан ноҳияҳои пахтакори  Конибодом (105,3%), Б.Ғафуров (101%), Спитамен (101,8%), Ҷ.Расулов (100,6%), Зафаробод (96,5%) ва Мастчоҳ (95,6%) қарор гирифтанд. Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ноҳияҳои пахтакори вилоят баҳри иҷрои саривақтии нақшаи пахтасупорӣ ва мусоидат намудан ҷиҳати амалӣ намудани рушди устувори соҳаи кишоварзӣ бо автомашинаҳои хизматӣ қадр карда шуданд.Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт бо Сипосномаи Раиси вилояти Суғд сарфароз гашт.

Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Ашт соли 2018 санаи 20 октябр бо ҷамъоварии 9766,2 тонна ва ё 100,5% дар вилоят аввалин шуда аз зафари меҳнатии пахтакорони ноҳия мужда расонида буданд.

Т.МИСРОБӢ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.