Конференсияи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия баргузор гардид.

 406 боздид

Имрӯз, санаи 9 апрели соли 2021, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Конференсияи 8–уми ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия таҳти сарпарастии Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, бо иштироки муовини Раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Суғд Алиев Шавкат Бурҳонович, сардорони Раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва 55 нафар вакилони Конференсия аз ташкилотҳои ибтидоии ташкилоту идораҳо ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва инчунин 2 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ба синни 97 расидаанд, баргузор гардид.
Роҳбарияти ноҳия зимни баромади худ қайд намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини зиндагии шоистаи собиқадорон ва иштироки фаъоли онҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷамъият ва давлат шароити зарурӣ муҳайё гардида, ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ветеранҳо” ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои собиқадоронро боз ҳам мустаҳкам намуд.
Дар ин ҷода, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия низ дар атрофи худ шумораи зиёди нафақахӯрон, аз ҷумлаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони байналмилал, муҳофизони сохти конститутсионӣ ва Чернобилчиёнро муттаҳид намуда, бо иштироки фаъолона дар чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ – фарҳангӣ дар пешрафт ва ободониву созандагии ноҳия саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.
Дар охир ба иштирокчиён ва вакилони конференсия дастурхони идона ташкил карда шуд. Собиқадорон ва иштирокчиёни конференсия ба Роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат барои ғамхорию дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.