Имрӯз, 19 январи соли 2017 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт конфронси 22-юми ғайринавбатии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия доир гардид.
Дар конфронс раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода, Зариф Мирдадо, иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Ашт ва як қатор кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия иштирок намуданд.
Нахуст, Сабоат Қаробоева раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт конфронсро ифтитоҳ намуд.
Дар конфронс се масъала, ҳисобот роҷеъ ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва ташкилотҳои ибтидоии он дар давоми соли 2016 ва вазифагузорӣ барои соли 2017, дар бораи ворид намудани тағиру иловаҳо ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, дар бораи пешбарӣ намудани номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт аз ҳавзаи интихоботии Ҷӯрабой Муминов рақами 1 баррасӣ карда шуд.
Аз рӯи масъалаи сеюми конфронс номзадии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт аз ҳавзаи интихоботии Ҷӯрабой Муминов рақами 1 пешниҳод гардид ва вакилони конфронс ин номзади арзандаро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.
Дар конфронс раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода баромад намуда, аз кам аъзо гардидинаи шаҳрвандон ба ҲХДТ дар соли 2016 нигаронӣ намуд.