Корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар ноҳияи Ашт

 754 боздид

Ба истиқболи ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дар ноҳияи Ашт корҳои ободониву кабудизоркунӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ,  ободу зебо ва сарзабзу чароғонкунии деҳаву маҳалҳо бо маром ҷараён дорад.

Сокинони ноҳия дар корҳои бунёдкориву созандагӣ якдилона иштирок доранд. Аз ҷумла, сокинони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, зимни корҳои ободонӣ дар маъракаи шинонидани ниҳолҳо фаъолона иштирок доранд. Инчунин бо ибтикори соҳибкори бурунмарзӣ Махсудҷонов Зайлобиддин дар хоҷагии деҳқонии “Ифтихор” беш аз 300 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд. Инчунин соҳибкор З.Махсудҷонов ба Ҷамоати деҳоти Понғоз беш аз 150 дона ниҳоли ҳамешасабз тақдим намуд.

Мавриди зикр аст, ки корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия бо суръат идома дорад.

Инчунин сокинони ноҳия якҷоя дар тоза нигоҳ доштани муҳити зист, ободу зебо гардонидани маҳал ва деҳаи худ саҳми беназири худро гузошта истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз дар Ҷамоатҳои деҳоти Понғоз ва Меҳробод беш аз 650 бех, Ҷамоати шаҳраки Шайдон 675 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонидаанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.