Барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои ободониву созандагӣ бо суръат ҷараён дорад.
Дар ин замина дар кӯчаҳои марказии ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ, сокинони шаҳраки Шайдон ва корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар ноҳия ду тарафи роҳи марказии шаҳраки Шайдон симентчӯб (бордюр) карда шуда истодааст.
Тавре ба мо Барзу Насибалиев сардори КДФ “Хоҷагии манзилию коммунали”-и ноҳия иттилоъ дод, то имрӯз беш 200 метр роҳи марказии шаҳраки Шайдон симентчӯб (бордюр) шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз истгоҳи марказии шаҳраки Шайдон (Автовокзал) то назди мағозаи “Тоҳирҷон” симентчӯб (бордюр) карда мешавад.