Санаи 20 апрели соли ҷорӣ, дар Ҷамоати деҳоти Пунук корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ оғоз ёфт.
Тибқи иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Пунук Муҳиддинзода Бурҳониддин, зиёда аз 25 метри кубӣ, дар Пунуксой соҳилмустаҳкамкунӣ карда шуда, кор дар ин самт босуръат ҷараён дорад.
Инчунин роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, Зариф Мирдадо, ба Ҷамоати мазкур ташриф оварда, аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дидан кард.
Тавре Диловар Ҳамдамов, сардори бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд, дар ноҳияи Ашт, иттилоъ дод, аз тарафи захираҳои моддии давлатӣ, 10 тонна семент ва 400 кг арматура, ба ноҳия ворид гардид, ки бо ҷалби сокинон ва тариқи ҳашар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷамоати деҳоти Пунук оғоз ёфт.
Ёдовар мешавем, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дигар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, бо ҷалби васеи сокинони маҳал, тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона, корҳои пешгирикунанда аз офатҳои табии ҷараён дорад.