Корруписия омили номатлуби ҷомеа

 1 079 боздид

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии кормандони соҳаи тандурустӣ бо сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд Қодирҷонзода Абдуҷалол Қодирҷон баргузор гардид.

Нахуст, муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода суханронӣ намуда гуфт: “Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, дар ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоиву иқтисодии давлат эътироф гаштааст”.

Баъдан Қодирҷонзода Абдуҷалол дар мавзӯи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои ‎2013-2020” баромад намуда, қайд кард, ки стратегияи муқовимат бо коррупсия аз 89 банд иборат аст. Мақсади асосии стратегияи мазкур кам кардани коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани иқтисодиёт дар кишварро пешбинӣ мекунад.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи тандурустӣ арзёбӣ гардид.

Дар охир байни масъулин ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.