КОХИ АЗИМИ НУР МУБОРАК, ТОҶИКИСТОН!

 692 боздид

Ниҳоят, пас аз интизориҳои зиёд рӯзи таърихӣ, рӯзе, ки иншооти бузурги аср—Нерӯгоҳи барқӣ-обии «Роғун» ба кор оғоз мекунад, фаро расид. Ин сана—16 ноябри соли 2018. Басо рамзист, ки воқеаи муҳими таърихӣ ба санаи муборак—Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада.

Тавре насли калонсол медонанд, сохтмони ин нерӯгоҳ ҳанӯз соли 1976 рӯ ба оғоз оварда буд. Дар он солҳо низ корҳои зиёде анҷом пазируфтанд. Вале бар асари пошхӯрии собиқ давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, дар кишвари мо бошад, пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ба миён омадани ҷангу низоъҳои дохилӣ ва бесарусомониҳо сохтмони нерӯгоҳ қатъ гардид.

Фақат баъди тадриҷан пойдор гардидани пояҳои Истиқлолияту пирӯзии Ваҳдати миллӣ азму талошҳои ҳамвораи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди нерӯгоҳи «Роғун» аз нав ҷон гирифт, баҳри сохта ба истифода додани он тамоми имконоти мавҷуда сафарбар гардид.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29 октябри соли 2016 булдозери бузургро худ идора намуда, дар маросими бунёди сарбанди нерӯгоҳ ва иваз кардани маҷрои дарёи Вахш якуним соат ширкат варзиданд. Худи ҳамон рӯз сарвари давлатамон дар ҷамъомади калон дар шаҳри Роғун аз хусуси ҷараёни корҳои иҷрошудаистода, заҳматҳои шабонарӯзии коргарон ва аҳамияти ин иншооти азими барқрасон ҳарф зада, аз ҷумла чунин изҳор намуданд:

«Навбати аввали нерӯгоҳ, яъне, агрегати якум, охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода хоҳад шуд».

Инак, имрӯз мо шоҳиди он хоҳем шуд, ки суханони Пешвои муаззами миллат ҷомаи амал ба бар месозанду дар роҳи ба даст овардани истиқлолияти энергетики Тоҷикистон ва гузаштан ба «иқтисодиёти сабз» қадами ниҳоии ҳалкунанда гузошта мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар арсаи сохтмони НБО-и «Роғун» беш аз 19 ҳазор нафар мутахассисону намояндагони халқу миллатҳои гуногун зарбдорона меҳнат мекунанд. Ҳамзамон дар ин иншоот зиёда аз 2100 техника ва мошину механизмҳои гуногунтамға истифода мешаванд. Масъулияти бунёди сарбанди нерӯгоҳро, ки баландиаш 335 метр буда, дар ҷаҳон бузургтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) маҳсуб мешавад, ширкати италиягии «Салини Импреҷило» ба уҳда дорад.

НБО-и «Роғун» аз 6 агрегат иборат буда, иқтидори лойиҳавии ҳар кадоми он 600 мегаватт, дар маҷмӯъ истеҳсоли 3600 мегаватт нерӯи барқ аст. Баъди пурра бунёд гардидани сарбанди баландиаш 335-метра обанбори ҳаҷмаш 13,3 километри мукааб ба вуҷуд меояд. Ин обанбори бузург воридшавии лой ва такшинҳоро ба нерӯгоҳи «Норак» бамаротиб коҳиш дода, ба он умри дароз ҳадя месозад.

Инак, дар Ҷумҳурии соҳибистиқлолу соҳибихтиёри Тоҷикистон иншооти боҳашамату тавлидкунандаи нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозатарин дар минтақа, сафобахшандаи ҳаёту равшанкунандаи хонаҳои мардум—НБО-и «Роғун» ба фаъолият оғоз менамояд. Ин воқеаест, ки қалби ҳар сокини худогоҳу худшиноси кишварро лабрези фараҳу шодӣ менамояд ва ба шарофати он кошонаҳои мардум боз ҳам равшану нуристон мегарданд. Бо эътимоди комил метавон гуфт, агрегатҳои навбатии нерӯгоҳ низ тадриҷан ба кор даромада, ин иншооти пуриқтидори стратегӣ нафақат Тоҷикистон, балки чанд давлати дигари ҳамсояро бо нерӯи барқи тоза таъмин хоҳад кард.

Кохи бузурги нур—«Роғун» муборак, тоҷикону тоҷикистониён!

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Fоиб гуфтааст:

Нури Роғун хона равшан мекунад,

Маскани парвона равшан мекунад.

Олами афсона гардад мулки мо,

Зеҳнро афсона равшан мекунад.

Ю. СИДДИҚОВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.