Куштори бераҳмонаро бо чашмони худ дидам

 1 131 боздид

10-уми июн дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт оид ба пурзӯр кардани корҳои тарғиботӣ барои ҷилавгирии сокинони ноҳия аз равияҳои тундгаро мулоқот баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо намояндагони ҷамоатҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибон, кормандони ШВКД дар ноҳияи Ашт, волидоне, ки фарзандонашон шомили равияҳои тундгаро гардидаанд  ва як нафар ҷавоне, ки бо дастгирии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оилааш аз Сурия баргаштааст, иштирок намуданд.

Дар мулоқот Зариф Мирдадо зикр кард, ки фаҳмонидани ҳадафи равияҳои тундгаро ба сокинони ноҳия айни муддао буда, он барои коҳиш додани пайвастшавии сокинон ба равияҳои иртиҷоӣ мусоидат мекунад. Барои пеши роҳи тундгароӣ ва ифротгароиро гирифтан мо бояд пайваста бо сокинони ноҳия мулоқот доир намоем ва дар тафаккури онҳо ғурури миллиро бедор созем.

Волидони ҷавонони гумроҳшуда дар мулоқот гуфтанд, бо фарзандонашон муддатҳост, ки суҳбат накардаанд ва аз ҳолу аҳволи фарзандони худ бехабаранд. Омили шомил гаштани фарзандонро волидон аз фирефташавӣ ва дур аз кишвар будан медонанд.

Қодирқулов Алишер сокини ҷамоати деҳоти Ашт, ки бо кӯмаки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо оилааш аз Сурия баргаштааст мегӯяд, соли 2015 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан бо як шаҳрванди Ҷумҳурии Чеченистон шинос мешавад ва ҳамроҳ бо ӯ ба Сурия меравад. Вақте вориди марзи Сурия мегардад дигар имкони бо волидонаш суҳбат карданро пайдо намекунад.

-Ман куштори бераҳмонаро бо чашмони худ дидам. Рӯзҳое, ки дар Сурия паси сар кардам рӯзҳои вазнин буданд. Умеди зинда монданро надоштам,-илова намуд Қодирқулов Алишер

Натиҷаҳои вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сокинони ноҳияи Ашт нишон медиҳанд, ки аллакай онҳо дар бораи ҷангҳои гуруҳҳои тундрав маълумот доранд ва аз шомил шудан ба равияҳои тундрав, худро канор мегиранд. Аммо бархе аз сокинони ноҳия солҳои 2015-16 аз ноогоҳӣ ва саводи кофии динӣ надоштан фирефтаи равияҳои тундгаро гардида буданд.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.