ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФИ АЗКОРБАРОМАДАРО ҶАМЪОВАРӢ КУНЕД!

 86 боздид

3 марти соли 2011, таҳти №97 Қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор” қабул гардида, дар асоси он қарори Раиси ноҳияи Ашт аз 4 июни соли 2011, №327, қарори Раиси ноҳияи Ашт аз 30.12.2019, №874 оид ба қарори Раиси вилояти Суғд аз 16.12.2019, №472 оид ба таъсиси комиссияи вилоятӣ доир ба татбиқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 3 марти соли 2011, №97 “Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил додани тадбирҳо оид ба ташкил намудани  системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор” ба тасвиб расидааст.

Дар асоси қарори мазкур комиссияи ноҳиявӣ дар ҳайати 11 нафар ташкил шудааст. Тибқи қарори мазкур раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва идораи хоҷагии манзилии коммуналии ноҳия вазифадор шудаанд, дар ҷамоатҳо нуқтаҳои қабули лампаҳои аз истифода баромадаи симобдор аз аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо аз рӯйи қоида бо таъин намудани шахси мутасаддӣ фаъолият намоянд. Бояд гуфт, дар идораи хоҷагии манзилии коммуналии ноҳия дар соли 2019-ум 943 адад лампаҳо аз ҳисоби ҷамоатҳои деҳоти Шодоба (207 адад), Меҳробод (190 адад), Ифтихор (150 адад) идораи обу канализатсия (12 адад), беморхонаи марказии ноҳия (200 адад), ҶСК “Намаки Ашт” (100 адад), ободонӣ (84 адад) ба анбори хоҷагии мазкур супорида шудааст, ки ин миқдор кам аст. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шайдон, Ориён, Ашт, Пунук, Понғоз ва Ошоба соли 2019 ягон адад лампаҳои корношоям супорида нашудааст, ки бозгӯи беэътибории раисони ҷамоатҳост. Тибқи санҷишҳо дар корхонаву муассисаҳо ҷамъоварии лампаҳо суст ба роҳ монда шудааст. Дарёфти лампаҳои корношоям дар кӯчаҳо ва партовгоҳҳо гувоҳи гуфтаҳои болоианд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар таркиби лампаҳои каммасраф маҳлули симоб мавҷуд буда, паёмади ба партовгоҳ ва кӯчаҳо партофтани онҳо  зарар ба солимии ҷомеа аст. Симоб яке аз моддаҳои муҳими таркиби фурӯзонакҳост, ки манбаи асосии равшанибахш маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи осеб дидани чунин фурӯзонак таркиби буғҳои симоб ба организм дохил шуда, заҳролудшавии организми инсон, аз ҷумла, системаи марказии асаб, ҷигар, гурда, меъдаву рӯдаҳо ба амал меоянд.

Аз ин лиҳоз, аз ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳо ва аҳолӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ин масъаларо аз таваҷҷуҳ дур наандозанд ва лампаҳои аз кор баромадаро ба нуқтаҳои масъул супоранд. Бо ин амал ҳар нафар барои беҳдошти муҳити зист ва саломатии ҷомеа саҳми худро мегузорад.

М.УСМОНОВ, мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.