Барои рушди ҳунарҳои миллӣ ва омӯзонидани касб ба хонандагон дар муассисаи таълимии №21 ноҳия 100 нафар хонандагон ба маҳфили бофандагӣ ҷалб карда шуданд. Дар ин бора аз шуъбаи маорифи ноҳия иттилоъ доданд.
Дар маҳфили бофандагӣ духтарон аз пашми ангор бо воситаи дастгоҳи драйзер ва кручок рӯймол омода намуда, онро ба маъараи фурӯш баровардаанд, ки нархи як адади он дар бозор 25 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин маҳфил ба хонандагон барои бофтани рӯймол дар як рӯз 10 то 15 сомонӣ маблағ пардохт карда мешавад.
Мақсад аз ташкили маҳфил барои хонандагон омӯзонидани касб ва омода намудани духтарон ба зиндагии мустақил арзёбӣ гардид.