Маҳфили “Ҳамешабаҳор” дар Ашт

 1 186 боздид

Нимаи дуюми имрӯз, дар Муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт, бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ибтикори Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро, маҳфили адабии назди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони “Ҳамешабаҳор” доир гардид.

Дар маҳфил Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, роҳбари маркази матбуотии дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Хайрандеш, директори кулли Осорхонаи шаҳри Кулоби вилояти Хатлон Асозода Ҳотам, сардори ШВКД ҶТ дар ноҳияи АШт Солизода Абдувоҳид, муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Фарҳодзода Хуршед, муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳия, устодон ва сокинони ноҳия иштирок доштанд.

Нахуст ба ҳафт наафар аҳли адаби ноҳия, ҷиҳати инъикоси воқеъбинона аз ҳаёти имрӯзи мардум, туҳфаҳои молӣ тақдим карда шуд.

Мақсад аз баргузории маҳфили “Ҳамешабаҳор” ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати илмӣ-адабии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, наврасон ва ҷавонон буда, дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки маҳфили “Ҳамешабаҳор” аз ҳафт шарт иборат буда, иштирокдорон дар ин ҳафт шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин ҳафт шарти “Ҳамешабаҳор” ҳафт тан аз иштирокдорон ғолиб баромада, бо туҳфаҳои молии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро, шаш нафар дар ҳаҷми сад сомонӣ ва як нафар дар ҳаҷми панҷ сад сомонӣ, қадршиносӣ шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.