Маҳфуза Юлдошева кадбонуи беҳтарин дар Шодоба

 742 боздид

Чанде пеш даври аввали озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳия баргузор гардид.

Озмун дар толори боғчаи бачагонаи «Гулдаста» гузаронида шуда, дар он панҷ даста иштирок намуданд.

Дар натиҷаи оро дондани дастархон бо хӯрокҳои гуногун аз ҷумла, оши палов, ширбиринҷ, нону қаллама ва фатиру шириниҳо Маҳфуза Юлдошева омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 ғолиби даври аввали озмуни “Кадбонуи беҳтарин” дар ҷамоати Шодоба дониста шуд.

Баргузории чунин озмун дар ҷамоатҳои дигари ноҳия идома дорад.

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.