МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ШУД

 147 боздид

Имруз  дар толори калони МИҲД-и ноҳия маҷлиси фаъолони ноҳия баргузор шуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис ширкаткунандагон аввалан маърӯзаи муфассали муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзодаро дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ашт ва вазифаҳо дар давраи минбаъда шуниданд. Муовини Раиси ноҳия кулли соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия, аз ҷумла, андозу кишоварзӣ, саноат, роҳ, сохтмон, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ғайраро таҳлил намуда, дастовард ва ҳамзамон камбудиҳои ҷойдоштаро бозгӯ намуд.

Раиси ноҳия аз иҷро нагардидани ду намуди андоз, тибқи талабот дарёфт нашудани манбаҳои нави андозбандӣ, таъмин нагардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар се корхонаҳои саноатӣ,  кори сусти гурӯҳҳо ҷиҳати рушди иқтисод дар ноҳия, пурра пардохт нагардидани маблағи барқ, ифлосӣ, бетартибӣ ва ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набудани вазъи бозорҳои ноҳия, суст будани ҷараёни компютерикунонӣ дар соҳаи маориф, пурра таҳлил нашудани фаъолияти марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳо изҳори нигаронӣ кард.

Масъулини соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба ҷараёни шудгори замин, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида зиёд намудани майдони кишти пахта, таваҷҷуҳи беш зоҳир намудан дар самти воридот ва харидории тухмиҳои нав аз ҷониби сарвари ноҳия супоришҳои мушаххас гирифтанд. Дастур дода шуд, дар бораи самтҳои фаъолияти хоҷагиҳои мухталиф чун Эрйигитов, “Иттифоқ”, “Ниҳолпарварӣ” ва хоҷагиҳои ҷангал маълумоти муфассал пешниҳод карда шавад. Ба идораҳои кумитаи замин ва корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул  ҷиҳати бемувофиқа бо роҳбарияти МИҲД-и ноҳия тақсим намудани замин,  бемасъулиятӣ зоҳир намудан дар фаъолияти корӣ ва ба зудӣ ислоҳ намудани камбудиҳои содиргардида супориши қатъӣ дода шуд.

Раисони ҷамоатҳо вазифадор карда шуданд,  нисбати омодагиҳо ба интихоботи дарпешистода, назорати фаъолияти масҷидҳо, муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, чун ҷинояткорӣ ва сӯйиқасд ба ҷон, бекоршавии ақди никоҳ, бунёди корхонаҳои нав таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода ба сухан баромада, иҷро нагардидани чанд нуктаҳои нақшаҳои тарҳрезишударо дар бемасъулиятии бархе аз масъулон ва пурра истифода набурдан аз захираҳои мавҷуда арзёбӣ кард.

Аз мавҷудияти бесарусомониҳо дар бахши идоракунии амволи давлатӣ дар ноҳия, саргардон гаштани бархе аз соҳибкорон дар идораву муассисаҳои дахлдор, нодуруст ба инобат гирифтани манбаҳои андозбандӣ, афзоиши ҷиноятҳои иқтисодӣ ва қаллобӣ (соли 2019—337 адад, аз соли пеш 112 адад зиёд), фарҳанги пасти экологӣ  изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ гуфт, дар ноҳия 16 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст, ки бозгӯи бемасъулиятиву бепарвоии масъулони ҳамин соҳа аст. Супориши қатъӣ дода шуд, ки соли 2020 инвентаризатсия гузаронида шавад. Ҷиҳати ҳалли мушкилот дар самти партовҳои сахти маишӣ ва роҳи ҳалли пардохти қарзи барқи идораи объёрӣ ва беҳсозии замин низ бояд чораҳо андешида шаванд.

Супориш дода шуд, нақшаи чорабинии даҳсола ҷиҳати ташкили инфрасохтор дар ҷамоатҳо, нақшаи чорабинӣ оид ба соҳибкасб намудани ҳар нафари аз 18-сола боло, нақша-чорабинии бистсола оид ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ ва чанди дигар тарҳрезӣ ва пайваста дар амал татбиқ карда шавад.

Нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои муаззами миллат аз ҷониби А.Солеҳзода барои ширкаткунандагон шарҳ дода шуд.

Дар маҷлис Сардори Раёсати минтақавии рушди рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳ.К. иштирок намуд.

Т.МИСРОБӢ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.