Маҷлиси фаъолони ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2018

 3 634 боздид

Имрӯз, 16 апрели соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори хадамоти Раёсати назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва  шуғли аҳолӣ Абдулатиф Қодирӣ, маҷлиси фаъолони ноҳия баргузор шуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда”, муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ маърӯза кард.

Ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия соҳаи кишоварзӣ, саноат, андоз, роҳ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра дар баромади муовини раиси ноҳия тариқи пурра бозгӯ шудаву камбудиҳои ҷойдошта баррасӣ гардиданд.

Тибқи иттилои Аниса Ҷалилӣ дар даври ҳисобӣ хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия ба маблағи 16 млн 935 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шуда, дар асл ба маблағи 16 миллиону 372 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст, ки баробари 96,7 фоизи нақша мебошад.

Дар семоҳаи ҳисобӣ мувофиқи ноҳия дар соҳаи саноат ба маблағи 41 миллиону 453 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2017, 8 миллиону 38 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши истеҳсолот баробари  124,1% мебошад.

Дар ин давра аз 13 корхонаҳою коргоҳҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият, 10 ададашон фаъолият намудаанд ва аз онҳо 7 корхонаву коргоҳҳо нисбати соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.

Дар давраи ҳисобӣ дар соҳаи саноат  1880,1 тонна намки ошӣ, 747,7 тонна нахи пахта, 1086,2 тонна чигит, 141,0 тонна равған, 826,6 тонна кунҷора, 25,5 тонна пахтаи хоҷагӣ ва 210,0 тонна нону маҳсулоти нонӣ истеҳсол карда шудааст. Дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2017 истеҳсоли нахи пахта -504,4 тонна, чигит -770,8 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ -5,4 тонна зиёд шудааст.

Дар давраи сипаришудаи соли 2018 бо истифодаи имконияту захираҳои дохилӣ, дар ноҳия 2 коргоҳи саноатӣ ташкил карда шудааст.

Ҷиҳати таъмини иҷрои “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020” ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ аҳамияти хоса зоҳир карда шуд. Дар асоси нақшаи барномаи мазкур соли равон дар ноҳия бунёди 281 га боғу токзори нав ва барқарор намудани 46 га боғоти куҳна пешбинӣ карда шудааст.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия аз ҳисоби заминҳои талу теппа ва ғайрикишоварзӣ дар майдони 92 га боғу токзори нав бунёд ва дар майдони 135 га боғоти куҳна барқарор карда шудааст, ки мутаносибан баробари 32,7% ва 2,9 маротибаи нақшаи барномавии солона мебошад.

Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзии ноҳия  ба миқдори  1801,5 тонна гӯшт, 8599,6 тонна шир, 2736,7 ҳазор дона тухм ва 174,6 тонна пашм истеҳсол карда шудааст. Нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2017 мувофиқи ноҳия истеҳсоли гӯшт – 80,5 тонна,  шир – 205,3 тонна, тухм – 344,1 ҳазор дона ва пашм – 11,5 тонна зиёд шудааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2018 мувофиқи ноҳия ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 61 490,0 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2017 2 454,0 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 104,1% мебошад.

Дар даври ҳисобии соли равон аз ҳудуди ноҳия ба хориҷи кишвар зиёда аз 1775 тонна меваи тар ба маблағи 493 ҳазор доллар содирот карда шуд ва содироти он ҳанӯз ҳам идома дорад.

Аз тарафи ташкилотҳои сохтмонии ноҳия дар семоҳаи аввали соли равон ба маблағи 2 миллиону 461 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро гардидааст, ки дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2017 12 миллиону 436 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Дар давраи ҳисобӣ аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, ба маблағи 79,1 ҳазор сомонӣ корҳои нигоҳдории роҳҳо иҷро карда шудааст.

Боиси қайд мебошад, ки бо иқдоми неки сокинон ва соҳибкорони деҳаҳои Кулихоҷа ва  Муломири Ҷамоати шаҳраки Шайдон, инчунин бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар масофаи 2,4 км роҳи душворгузари куҳии деҳаҳои Кулихоҷа ва Муломир дар мавзеи “Қумбел” аз нав сохта, ба истифода дода шуд.

Дар ин давра дар ноҳия 355 нафар шаҳрвандони бекори дар қайдбуда, бо кори доимӣ тавсия гирифта, соҳиби ҷойи кор шуданд. Дар ин муддат 5 нафар бекорон ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шуда, 157 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Зимни ҷаласа Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти двалатии ноҳия аз раисони ҷамоатҳо пурсиш ба амал овард.

Дар маҷлиси фаъолони ноҳия намояндаи МИҲД-и вилоят, Абдулатиф Қодирӣ, сардори хадамоти Раёсати назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва  шуғли аҳолӣ суханронӣ намуд.

Ӯ ба аҳли фаъолони ноҳия барои ноил гардидан ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ, гузоштани саҳми арзанда дар амалигардонии рушди устувори соҳаи пахтакорӣ изҳори сипос намуд.

Дар охир Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба як қатор роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия, дастуру супоришҳо дода, барои рафъи камбудиҳо дар соҳаи кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг вазифаҳои мушаххас дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.