Маҷлиси фаъолони ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2019

 209 боздид

Имрӯз, 10 апрели соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти раёсати Раиси ноҳия Зариф Мирдадо ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳошимзода Муқаддам Дадоҷонӣ, маҷлиси фаъолони ноҳия баргузор шуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2019 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда”, муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ маърӯза кард.

Ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия соҳаи кишоварзӣ, саноат, андоз, роҳ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра дар баромади муовини Раиси ноҳия тариқи пурра бозгӯ шудаву камбудиҳои ҷойдошта баррасӣ гардиданд.

Тавре дар маърузаи худ муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, иттилоъ дод, дар даври ҳисобӣ нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ мувофиқи ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2019 ба маблағи 3 миллиону 930 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шуда, дар асл 10 миллиону 15 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуд, ки баробари 100,9% нақша буда, нисбати он 84,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи семоҳаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 100,9% иҷро карда шуда, ба ҷойи 18 миллиону 109 ҳазор сомонии пешбинишуда, дар асл 18 миллиону 269 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуд. Нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба буҷети маҳаллӣ 1 миллиону 654 ҳазор сомонӣ ё ин ки 9,9% зиёд маблағ ворид гардидааст.

Нақшаи семоҳаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия ба маблағи 18 млн 139 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шуда, дар асл ба маблағи 18 миллиону 53 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст, ки баробари 99,5 фоизи нақша мебошад.

Дар семоҳаи ҳисобӣ мувофиқи ноҳия дар соҳаи саноат ба маблағи 58 миллиону 519 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018, 15 миллиону 541 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши истеҳсолот баробари  136,2% мебошад.

Дар ин давра аз 11 корхонаҳою коргоҳҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият, 10 ададашон фаъолият намудаанд ва аз онҳо 9 корхонаву коргоҳҳо нисбати соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.

Дар давраи ҳисобӣ дар соҳаи саноат  2035,1 тонна намки ошӣ, 1596,3 тонна нахи пахта, 2198,0 тонна чигит, 142,4 тонна равғани растанӣ, 34,5 тонна пахтаи курпабоб, 199,2 тонна нону маҳсулоти нонӣ, 270,2 ҳазор дона хишти сохтмонӣ, 1087,2 метри мураббаъ дару тиреза, 1,0 ҳазор дона либоси мактабӣ ва 0,2 ҳазор метри мураббаъ матои адрас истеҳсол карда шудааст. Дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018 истеҳсоли нахи пахта -849,2 тонна, намаки ошӣ- 155,0 тонна, чигита пахта 1111,8 тонна, равғани растанӣ- 1,4 тонна, хишти сохтмонӣ-6,2 ҳазор дона зиёд шудааст.

Дар давраи сипаришудаи соли 2019 бо истифодаи имконияту захираҳои дохилӣ, дар ноҳия 1 коргоҳи саноатӣ ташкил карда шудааст.

Ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, дар давоми семоҳаи авали соли равон дар хоҷагиҳои кишоварзи ноҳия аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо дар майдони 59,2 гектар боғоти  меваҳои донакдор бунёд карда шудааст, ки аз он 0,5 гектар боғҳои интенсивӣ мебошад. Инчунин дар майдони 169,8 гектар боғоти куҳна барқарор карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 31,1 гектар зиёд мебошад.

Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзии ноҳия  ба миқдори  1885,5 тонна гӯшт, 8880,6 тонна шир, 2389,3 ҳазор дона тухм ва 179,7 тонна пашм истеҳсол карда шудааст. Нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018 мувофиқи ноҳия истеҳсоли гӯшт – 84,0 тонна,  шир – 201,0 тонна ва пашм – 5,1 тонна зиёд шудааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 мувофиқи ноҳия ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 67 млн. 146 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018 2 млн 899 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 104,5% мебошад.

Аз тарафи ташкилотҳои сохтмонии ноҳия дар семоҳаи аввали соли равон ба маблағи 551,5 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро гардидааст, ки дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018 1 миллиону 909 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Дар ин давра барои ба кор таъмин намудани бекорон, дар ҳамкорӣ бо корфармоён ба таври мантазам корбарӣ карда шуда, 187 нафар бекорон бо кори доимӣ таъмин карда шуданд. Ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доштанд, аз ҳисоби маблағҳои барномаи шуғл ба 11 нафар бекорони дар қайдбуда, 24,5 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуда, онҳо машғули фаъолиятҳои мухталифи соҳибкорӣ гардиданд.

Дар ин давра, 4 адад ҷинояткориҳо аз тарафи ҷавонон содир карда шудааст. Аз тарафи занон 18 нафар ҷиноят содир карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018, 5 нафар зиёд мебошад.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 дар марказҳои саломатӣ ба 110,148 нафар ниёзмандон кӯмаки тиббӣ расонида шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ оид ба пешгирӣ аз бемории ВНМО/ВНМБ дар давраи ҳисобӣ 6 маротиба баромадҳо, 11 маротиба суҳбатҳо, семинарҳои омӯзишӣ-дастурдиҳӣ гузаронида шуда, дар ин муддат 12 нафар сироятёфтагони ВНМО/ВНМБ  ба қайд гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 10 адад зиёд мебошад. Инчунин дар семоҳаи аввали соли 2019 3 адад зардпарвини А ва 8 адад бемории сил ба қайд гирифта шудааст.

Зимни ҷаласа Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти двалатии ноҳия аз раисони ҷамоатҳи шаҳраку деҳоти ноҳия пурсиш ба амал овард.

Дар маҷлиси фаъолони ноҳия сардори Раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳошимзода Муқаддам Дадоҷонӣ суханронӣ намуд.

Ӯ ба аҳли фаъолони ноҳия барои ноил гардидан ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ, гузоштани саҳми арзанда дар амалигардонии рушди устувори соҳаи пахтакорӣ изҳори сипос намуд.

Дар охир Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба як қатор роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия, дастуру супоришҳо дода, барои рафъи камбудиҳо дар соҳаи кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг вазифаҳои мушаххас дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *