Субҳи имрӯз, санаи 12 апрели соли 2021, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҳайати муассисони масҷидҳои ҳуҳуди ноҳия таҳти сарпарастии Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бо иштироки Сардори шӯъбаи ноҳиявии дар ноҳияи Ашт будаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримов Абдусаттор, Сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Давлатшоҳ Тағойзода, роҳбарият ва кормандони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сархатиб, имомони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи ноҳия баргузор гардид.
Роҳбарияти ноҳия зимни баромади худ ба иштирокдорон қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2021 №3 ва барқияи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли равон №15/1-01(1) вобаста ба муайян намудани оғози моҳи шарифи Рамазони соли 2021фаҳмонида қайд карданд, ки ҳангоми намозгузорӣ аз тарафи намозгузорон дар рафти намози таровеҳ ҳатман ба қоидаҳои гигиенӣ риоя карда шуда, пеш аз гузоштани намоз фосилаи иҷтимоӣ, реҷаи ҳатмии ниқоб ва корҳои безараргардонӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии мамлакат Раиси ноҳия масъулини бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сархатиб, имомони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи ноҳияро вазифадор намуданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон дар гирду атрофи масҷидҳо, оромгоҳҳои ҳудуди ноҳия корҳои ободониву бинёдкорӣ пайваста ҷоннок карда шуда, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони саховатманду хайрхоҳ мунтазам ба роҳ мондани аёдати қишри ниёзманди ҷомеа, шахсони яккаву танҳо, ятимону барҷомондагон, маъюбону камбизоатон вусъат дода шавад.