Нимаи дуюми рӯзи 27 июли соли равон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт маҷлиси машваратии назди Раиси ноҳияи Ашт бо иштироки муовини якум, муовинон, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Раисони ҷамоатҳо, нозироти андоз, Раёсатҳои кишоварзӣ, молия, омор, идораи роҳ, кумитаи заминсозӣ, КДФ баҳисобгирии амволи ғайриманқул, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва шуъбаи маориф оид ба омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ, тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, таҳлили корҳои саҳроӣ ва ҷараёни кишти такрорӣ баргузор гардид.
Инчунин дар машварати корӣ ба масъулин дастуру супоришҳо оид ба назорати рафти кишти такрории картошка дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, кишти такрорӣ, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ ба охир расонидашуда тақсимоти оби полезӣ дар хоҷагиҳои пахтакор, фаъолияти сехҳои дӯзандагӣ, таъмини либосҳои мактабӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бунёди сехи истеҳсоли кислород, омодагӣ ба даъвати тирамоҳӣ, таъминоти нафақа барои нафақахурони ноҳия, назорат дар самти зимистонгузаронии соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, баргузории тую маъракаҳо, захираи доруворӣ барои пешгирии касалиҳои сироятӣ ва корҳои тарғиботӣ, безараргардонӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб дода шуд.
Дар охир Раиси ноҳия ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.