МАЛИК ХОЛДОРОВ—ФАРЗАНДИ АРЗАНДАИ ДИЁР (Ёдбуд ва таҷлили 90-солагии собиқ сардори бригадаи конканони Экспедитсияи геологӣ-инкишофии Кони Мансур, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Холдоров Малик)

 447 боздид

Имрӯз дар ҷамоати деҳоти Ошоба чорабинии ёдбудӣ бахшида ба 90-солагии собиқ сардори бригадаи конканони экспедитсияи геологӣ-инкишофии Кони Мансур, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Холдоров Малик доир гардид.
Ширкаткунандагони чорабинӣ аввалан оромгоҳи фарзанди арзандаи диёр шодравон Малик Холдоровро зиёрат намуда, дар ҳаққаш дуои нек намуданд ва бо гулчанбари ороста бо гулҳои тозаи баҳорӣ барои хотираи некаш арҷ гузоштанд.
Чорабиниро раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Зафар Мамадҷонов оғоз намуд.
Сухани ёдбудии Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадоро муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ба самъи иштирокчиён расонд. Қайд гардид, шодравон Малик Холдоров яке аз ашхоси барӯманду шинохтаи диёри азизамон, зодаи деҳаи Ошоба, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ имрӯз агар ҳамроҳи мо мебуд, 90-умин баҳори умрашро таҷлил мекард.
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, дорандаи орденҳои “Ленин” ва “Ситораи тилло” Малик Холдоров 13 марти соли 1930 ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби ҳафтсолаи №3 аз соли 1945 то 1951 дар колхози “Сотсиализм” кор кардааст.
Соли 1951 Малик Холдоров бо аҳли оилааш ба шаҳраки Адрасмон мекӯчанд ва ӯ ба Экспедитсияи ҷустуҷӯию геологии Қайроққум ба кор медарояд. Ӯ чор сол чун ёрдамчии устоди пармачӣ фаъолият намуда, худ устоди касб мегардад. Аз соли 1954 то 1964 ба ҳайси устои смена кор мекунад. Чун нисбати касбу кор серталаб буд, тасмим мегирад, соли 1964 дар курси устоҳои калони пармачии шаҳри Тошканд ихтисосашро такмил диҳад.
Ӯ инсони хеле бомасъулият буд, аз ин лиҳоз, ҳар моҳу семоҳа (квартал) супоришҳои истеҳсолиро пурраву барзиёд ба иҷро расонидааст. Меҳнати босамару заҳматҳои пайвастааш буд, ки соли 1965 ба бригадааш номи фахрии “Коллективи меҳнати коммунистӣ” дода мешавад.
Соли 1966 барои пайваста ва барзиёд иҷро намудани супоришҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, вайрон накардани техникаи бехатарӣ дар истеҳсолот, то 125-130 фоиз иҷро намудани нақшаҳои истеҳсолӣ, тарбияи пармачиёни ҷавон Малик Холдоров бо нишони “Аълочии инкишофи сарватҳои зеризаминӣ”-и Иттиҳоди Шӯравӣ ва моҳи июни ҳамон сол бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сарфароз мегардад. Ӯ ҳамчунин дорандаи Нишони тиллоии “Досту болға” аст.
Малик Холдоровро чун кӯҳкани меҳнатдӯсту овозадор ва ҷамоатчии фаъол на танҳо дар ноҳия ва вилоят, балки берун аз он низ мешинохтанду эътироф мекарданд.
Ӯ ҳамчун вакили шаҳрӣ борҳо дар Съездҳои 13, 14, 15-уми Иттифоқи касабаи Шӯравӣ ширкат намудаву 5 сол аъзои Президиуми он буд.
Соли 1979 ҳамчун нафақагири шахсии дорои аҳамияти умумииттифоқӣ ба нафақа баромада, дар тарбияи насли солиму созанда ҳисса гузоштааст.
Муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ аз номи кулли сокинони ноҳия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пайвандони марҳумро бо 90-умин солгарди умри шодравон Малик Холдоров таҳният намуда, ба ҳар нафар тани сиҳату хотири ҷамъ, зиндагии осуда таманно намуд.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Зафар Мамадҷонов бо нутқи таъсиргузору самимӣ аз шахсияти арзандаву соҳибэҳтиром шодравон Малик Холдоров сухан гуфт. Қайд карда шуд, пос доштани хотираи чунин фарзандони солеҳу меҳнатқарин ва қаҳрамони меҳан рисолати муқаддас аст, мо вазифадорем, ба насли оянда дар бораи чунин фардони ҷасуру меҳнаткашу ватандӯст маълумот диҳем, то дар пайравӣ ба онҳо ҷавонон низ ба созандагиву бунёдкорӣ, арҷ гузоштан ба дастоварду арзишҳои фарҳангӣ майл намоянд, насли солиму созандаву арзандаи меҳан бошанд.
З.Мамадҷонов ҳамчунин аз кору пайкори Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, зодаи ҷ.д.Ошоба Имомназар Хоҷаназаров, ки тамоми умрашро сарфи рушди соҳаи кишоварзӣ намудаву дар ободии ҷамоат саҳми босазо гузоштааст, ёд намуд.
—Мо рӯзҳои наздик 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро таҷлил менамоем,—гуфт З.Мамадҷонов. –Ва имрӯз ҷойиз аст, аз номи неку ҷонфидоии фарзандони ҷасури ноҳия чун Тӯйчӣ Эрйигитов—Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, Э.Хоҷамбердиев, Нишев Иосиф—дорандагони се ордени “Шараф”, И.Ҳасанов ва М.Турсунов—иштирокчиёни паради ҳарбӣ дар ш.Москва (соли 1945) ёд кунем. Имрӯз дар ноҳия 9 нафар иштирокчиёни ҶБВ зиндагӣ мекунанд, ки рӯзгори онҳо шоистаи таҳсину пайравист. Арҷ гузоштан ба ному пайкори ин нафарон рисолату ифтихори мост.
Дар ҷамъомад ҳамчунин Мирзо Холдоров—бародари шодравон Малик Холдоров , Сулаймонқул Азимӣ—шоир, Файзулло Абдуллоев—собиқ Раиси ноҳияи Ашт, собиқадори меҳнат, Орифҷон Муллоҷонов—раиси шӯрои собиқадорони шаҳраки Адрасмон, Т.Усмонов—омӯзгори фанни таърих аз шаҳраки Адрасмон сухан гуфтанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.