Мақоми сеюми Нодир Қодиров дар озмуни “Омӯзгори сол”

 1 066 боздид

Чанде пеш дар бинои мактаби Президентии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон озмуни вилоятии “Омӯзгори сол” ҷамъбаст гардид, ки дар он омӯзгори гимназияи №5-и ноҳия Нодир Қодиров мақоми сеюмро ишғол намуд.  Дар ин бора аз шӯъбаи маорифи ноҳия иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ Нодир Қодиров барои фаъолияти пурсамар дар таълиму тарбияи хонандагон ва иштироки фаъолона дар озмуни мазкур бо ифтихорнома ва  тӯҳфаи хотиравии Раёсати маорифи вилояти Суғд  қадрдонӣ шуд.

Масъулини шӯъбаи маорифи ноҳия мегӯянд, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим талош мекунанд. Барои  хуб намудани сифати таълим дар ноҳия омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ пайваста  дар семинарҳои омӯзишӣ дониши назариявии худро васеъ менамоянд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.