Машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ашт

 1 026 боздид

Имрӯз, 26 июли соли ҷорӣ, чорабинӣ оид ба машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гржданӣ таҳти унвони «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизомҳои ҳудудии Низоми ягонаи ноҳия ҳангоми бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табии (сел)» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, муовинони Раиси ноҳия, Ёрдамчии роҳбари  машқ-Сардори шуъбаи оперативӣ ва сафарбарии Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд майор  3уҳриддин Нуралиев, майор Диловар Ҳамдамов сардори бахши Раёсати КҲФ  ва мудофиаи граждании  ноҳияи Ашт, сардорони хадамотҳои мудофиаи граҷдании ноҳия, иштирок доштанд.

Баъдан сардорони хадамотҳои мудофиаи граждании ноҳия ва аъзоёни Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати оид ба ҳолатҳои фавқулодда, бо гирифтани вазифаҳои мушаххас ба макони ҳодиса (ҷойе, ки амалиёт гузаронида шуд) равона гардиданд.

Сардорони хадамотҳои мудофиаи граждании ноҳия, пас аз ба иҷро расонидани вазифаҳои худ, ба Сардори мудофиаи гражданӣ гузориш доданд.

Тавре ба мо Диловар Ҳамдамов сардори бахши Раёсати КҲФ ва мудофиаи граждании ноҳия иттилоъ дод, иштирокчиёни машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ нисбати иҷроиши пайдарҳамии масъалаҳои таълимӣ амал намуда, кӯшиш карданд, ки вазифаҳои дар назди худ гузошташударо бо муваффақияту босифат бо истифодаи тамоми имкониятҳои хадамот ва маҳал иҷро намоянд.

Ёдовар мешавем, ки машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ашт санаҳои 25-26-уми июл, гузаронида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.