Машқи пагоҳирӯзӣ дар Гимназияи №1

 186 боздид

Имрӯз бо ибтикори Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия дар Гимназияи №1-и ноҳия бо ҷалби муҳассилини ин таълимгоҳ машқи пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд.

Дар машқи пагоҳирӯзӣ зиёда аз 80 нафар наврасон ва ҷавонон фаъолона иштирок намуданд.

Зариф Боймуротов, и.в. мудири  Бахши ҷавонон ва варзиш ноҳия зимни суҳбат иброз дошт: “Баргузории машқи пагоҳирӯзӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия ин ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва дар руҳияи солим тарбия намудани насли наврас ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни муҳассилини таълимгоҳҳои ноҳия аст”.

Бояд зикр кард, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе бо ҷалби муҳассилини муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди ноҳия машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *