30 июн дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо мақсади пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба равияҳои ифротӣ ва баргардонидани сокиноне, ки гайриқонунӣ дар кишварҳои хориҷ қарор доранд, машварати сардори шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои мутташаккилии РВКДҶТ дар вилояти Суғд майори милится Раҳимзода Шуҳрат Раҳмоналӣ ва муовини сардори шуъбаи мазкур подполковники милится Қодиров Ғолиб Нодирович баргузор шуд.
Дар машварат ҳамчунин бо намояндагони ҷамоатҳо, имомхатибон, фаъолони ноҳия, роҳбарияти МИҲД-и ноҳия ва муовинон иштирок намуданд.
Дар машварат навори кӯтоҳи тариғибкунандаи нав, ки аз ҷониби МИҲД-и ноҳия омода шудааст, ба ҳозирин намоиш дода шуд.
Баъдан як нафар сокини деҳаи Пискокати ҷамоати деҳоти Ашт, Обидҷонов Рафиз, ки дар ковтукови ҷиноӣ қарор дошту аз Федератсияи Руссия ба кишвар баргардонида шуд, суханронӣ намуд.
Обидҷонов Рафиз гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат нисбат ба зиндагии ягон сокини кишвар бетараф нестанд. Ғамхории Пешвои миллат буд, ки баъди баргаштан ба Тоҷикистон дар озодӣ бо оилаи худ зиндагии осоишта дорам. Ман ба ҳамаи онҳое, ки имрӯз дар хориҷ ҳастанд, гуфтаниям, ки ба Ватани худ баргарданд ва зиндагии осоиштаро пешаи худ кунанд.
Хотирасон мекунем, ки дар ноҳияи Ашт барои пешгирии ифротгароӣ ва баргардонидани шаҳрвандони дар хориҷ буда, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо маром идома дорад.