Машварати августии омӯзгорон баргузор гардид

 886 боздид

Имрӯз, 12-уми августи соли равон, дар Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳияи Ашт, машварати августии омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.
Дар кори машварат, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, Зиёӣ Баҳриддин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шаҳриёр Ҳомидов, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилояти Суғд Набиҷон Раҳмонов, муовинони Раиси ноҳия, кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоту шаҳраки деҳоти ноҳия, роҳбарони сохторҳои идоракунии ноҳия, фаъолон, собиқадорони меҳнат ва омӯзгорон иштирок намуданд.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, дар баромади худ зикр дошт: «Рушду нумӯи соҳаи маориф асоси ҷомеа ва иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад. Пеш аз ҳама фароҳам овардани шароитҳои мусоиди таълиму тарбия дар мактабҳо, таъмини онҳо бо лавозимотҳои таълим, таъмиру бунёди муассисаҳои таълимӣ, дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор, дастгирии моддии кормандони соҳа ва дар ин замина баланд бардоштани савияи хонандагон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия қарор дорад.
-Дар маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо зиёда аз 1329 нафар хонандагони болаёқат ва соҳибистеъдод аз ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар гурӯҳҳои махсус ва маҳфилҳои алоҳидаи омӯзиши фанҳои гуногун аз рӯйи истеъдодашон гирд оварда шуда, омӯзгорони соҳибтаҷриба барои кор бурдан бо онҳо вобаста карда шудаанд.
-Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар байни хонандагон собит сохт, ки новобаста аз баргузории чорабиниҳо суҳбату вохӯриҳо ҳолати даст ба ҷиноят задани ноболиғон мушоҳида карда мешавад. Дар шаш моҳи аввали соли 2020 4 ҳолати ҷинояткорӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва як ҳодисаи номатлуби даст ба худкушӣ задан ба қайд гирифта шудааст.
-Омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми чораҳо андешида шудаанд. То имрӯз захираи ангишт 180 тонна ё ки 32%, захираи ҳезум 648 метри кубӣ ё ин ки 73%-ро ташкил медиҳад.
-Бинобар дар аксари кишварҳо сар задани мавҷи дубораи хурӯҷи бемории коронавирус Ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии паҳншавии дубораи ин бемории сироятӣ роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор менамояд, ки маводҳои безараргардонии, аз қабили хлор, ниқобҳои тиббӣ, спирт ва маҳлулҳои антисептикиро харидорӣ ва захира намоянд.
Зиёӣ Баҳриддин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ қайд кард, пас аз чанд рӯз дар саросари кишварамон Рӯзи Дониш, оғози соли нави таҳсил фаро мерасад ва ин вазъияти ҳассоси имрӯз бавуқуъпайваста аз кормандони соҳаи маорифи ноҳия бомасъулиятӣ ва сабуриро тақозо менамояд.
Набиҷон Раҳмонов, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилояти Суғд, дар баромади худ гуфт: “Нақши кормандони соҳаи маориф дар баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии наврасон, ҷавонон ва фарҳанги мардум ниҳоят арзишманд мебошад. Дар баробари ин масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намудани усули инноватсионӣ ва фаъоли таълим, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, таваҷҷуҳи боз ҳам бештари масъулинро тақозо мекунад”.
Раиси ноҳия дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор устодон ва собиқадорони соҳаи маорифи ноҳия, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Сипосномаи МИҲД-и ноҳияро тақдим намуд.
Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиб манзури иштирокдорон гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.