Машварати августии омӯзгорон дар ноҳияи Ашт

 1 144 боздид

Имрӯз, 28-уми августи соли равон, дар Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳияи Ашт, машварати августии омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.

Дар кори машварат, Мавҷуда Мирпочоева, мушовири калони Шӯрои ҷамъияти ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Додохони Эгамзод, нависанда, журналист, Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи “Раҳим Ҷалил” ва аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Нуралӣ Нурзод, шоир, адабиётшинос, барандаи ҷоизаи ба номи “Исмоили Сомонӣ” ва “Камоли Хуҷандӣ”, Абдуҳамид Ҷӯраев, рӯзноманигор, адиб, ҳаҷвнигор, барандаи ҷоизаи ба номи “Ҳоҷи Содиқ” ва “Тошхӯҷа Асирӣ”, намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, Набиҷон Раҳмонов, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси  Раёсати маорифи вилояти Суғд, муовинони Раиси ноҳия, кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоту шаҳраки деҳоти ноҳия, намояндагони Шӯрои ҷамъияти ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, адибони ваҳдатсаро,роҳбарони сохторҳои идоракунии ноҳия, фаъолон, собиқадорони меҳнат ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Бо садо додани Суруди миллӣ кори машварати августии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия оғоз ёфт.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баромади худ зикр дошт, Агар соли таҳсили 2017-2018 эҳтиёҷи муассисаҳои таълимии ноҳия ба кадрҳои омӯзгорӣ 58 нафар бошад, пас ин рақам дар соли хониши 2018-2019 37 нафарро ташкил медиҳад.

-Соли ҷорӣ 1499 нафар хатмкунандагони мактабҳои ноҳия барои дохил шудан ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супориданд ва 1113 нафар ба донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ, вилоят ва ба хориҷи кишвар дохил шуданд. Дар донишгоҳҳои олӣ ва касбии берун аз ҷумҳурӣ 281 (40 нафар духтарон), хориҷи кишвар 46 нафар (4 хориҷи дур) мебошанд.

-Яке аз масъалаҳои мухталиф, ки имрӯз пешорӯи маорифчиёни ноҳия қарор дорад, ин фарогирии хонандагон ба зинаи сеюми таҳсил мебошад. Агар дар соли 2011 аз 2568 нафар хатмкунандагони синфи 9, 2209 нафар ба таҳсилот ҷалб шуда бошад, ё ки 86 фисад (359 нафар аз таҳсил берун монда буд), пас дар соли хониши 2018-2019 99 фисад фаро гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2011 мутаносибан 13 фисад зиёд аст.

-Натиҷаи санҷиш гурӯҳҳои корӣ дар муассисаҳои таълимӣ нишон дод, ки нишондодҳо нисбат ба зимистонгузаронӣ то ҳол назаррас набуда, баъзе аз муассисаҳои таълимӣ ба давраи зимистонгузаронӣ ба пуррагӣ омода нашудаанд. Дар муассисаҳои таълимӣ барои захираи 491 тонна ангишт ва 637 метри куби ҳезуми сахт нақшабандӣ карда шудааст.

-Дар ҳашт моҳи соли 2018 дар ноҳия сохтмони якчанд майдончаҳои варзишӣ оғоз гардидааст. Инчунин дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ 74 варзишгоҳ, 155 майдончаҳои оддии варзишӣ, 24 толорҳои варзишӣ ва 1 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад.

Набиҷон Раҳмонов, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси  Раёсати маорифи вилояти Суғд, дар баромади худ гуфт: “Нақши кормандони соҳаи маориф дар баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии наврасон, ҷавонон ва фарҳанги мардум ниҳоят арзишманд мебошад. Дар баробари ин масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намудани усули инноватсионӣ ва фаъоли таълим, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, таваҷҷуҳи боз ҳам бештари масъулинро тақозо мекунад”.

Баъдан Додохони Эгамзод ва Нуралӣ Нурзод, аз фарзандони фарзонаи ноҳияи Ашт ва ворисони Маъдан ёдоварӣ намуда, дар васфи Истиқлолият шеър қироат намуданд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба як қатор устодон ва собиқадорони соҳаи маорифи ноҳия, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Сипосномаи МИҲД-и ноҳияро тақдим намуд.

Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиб манзури иштирокдорон гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.